Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Тазкираи Майхона

Тазкираи Майхона

«МАЙХОНА» тазкираи Абдуннабии Фахруззамонии Қазвинӣ, ки соли 1619 дар ш. Патнаи Ҳиндустон таълиф шуда, шарҳи ҳол ва намунаи осори 90 шоири соқиноманависро дар бар мегирад. Тартиби умумии тазкира ва тарзи табақабандии он аз рӯи «мартаба» ба тариқи зайл аст: Мартабаи аввал — дар зикри 29 нафар шоиронест, ки пеш аз таълифи тазкира вафот кардаанд. Ин қисмат бо Низомӣ оғоз ёфта, бо Афзалхон ба анҷом мерасад. Аз миёни шоирони ин фасл муаллиф танҳо бо шоир Шикебӣ мулоқот кардааст. Мартабаи дуюм — дар зикри 23 суханварест, ки то замони таълифи тазкира зинда ва машҳур будаанд.

maixona

Ин фасл бо зикри Суфии Мозандаронӣ оғоз шуда, бо худи муаллиф анҷом ёфтааст. Мувофиқи гуфтаи худаш ӯ бо аксари ин шоирон мулоқот кардааст. Мартабаи сеюм — иборат аз 38 нафар шоиронест, ки то шиносой ва мулоқоташон бо муаллиф соқинома нагуфтаанд. Аз ин миён ӯ соқиномаҳои Зеҳнии Кашмирӣ, Зиёии Мувашшахӣ, Дайрии Кобулӣ ва Аҳволии Систониро нақл кардааст. Ин қисм бо Назирии Нишопурӣ cap шуда бо Дарвеши Ҷовид ба поён расидааст.

Хусусияти ба назар намоёни тазкира ин аст, ки дар он зикри аҳволи шоирон муфассалтар буда, ном, тахаллус, маълумоти роҷеъ ба гузаштагони суханварон, девон доштан ё надоштанашон, таърихи таваллуд, вафот, ҷои дафн ва намунаи соқиномаҳои онҳо сабт гардида аст. Баъзе аз шоироне, ки мулоқоти бевоситаи онҳо бо муаллифи китоб муяссар нагардида аст, аз рӯи нақли дӯстону хешони онҳо зикр шудааст.

Баъзе соқиномаҳое, ки дар тазкира оварда шудаанд, дар ҳеҷ маъхази дигар дучор намегарданд. Шарҳи ҳоли шоирон Васлии Шерозӣ, Малакии Қазвинӣ, Аскарии Кошонӣ, Сафони Табрезӣ, Ҳарифии Мусанниф, Мирабдуллоҳи Мижжа, Зиёии Мувашшаҳӣ, Мавлоно Румӣ ва ғ. низ дар ягон манбаи дигар дарҷ нашудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …