Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «Тазкираи Харобот»

«Тазкираи Харобот»

«ХАРОБОТ» «Тазкираи Ҳаробот», тазкираест, кп аз тарафи муаллифи номаълуме байни солҳои 1602—17 дар Ҳиндустон таълиф шуда, дар он 291 шоири асри 16 зикр ёфтааст. Муаллиф бо аксари онҳо мулоқот карда будааст. Аз тазкира оид ба тарзи зиндагӣ ва ашъори шоирони барои тазкиранависони дигар номаълум низ маълумот пайдо метавон кард. Шарҳи ҳоли Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Бадруддини Ҳилолӣ барин шоирони машҳурро хеле муфассал дода, аз ашъорашон намунаҳои зиёд овардааст. Зери баъзе номҳо бо сабабҳои номаълум ҷон холӣ монда шудааст. Забони тазкира содда, баъзан саҷъ истифода шудааст. Нусхаи ягонаи «Xаробот», ки дастхати муаллиф аст, дар Теҳрон нигоҳ дошта мешавад. Ш. Муҳаммадиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …