Маълумоти охирин

ТАЗАРВ

ТАЗАРВ, тазарв, мурғи тазарв, мурғи дашти, қирқовул (Рhasianus соlhibus), мурғи калонҷуссаи шикоршавандаест аp оилаи тазарвиҳо. Ваpнаш аp 850 то 1500 г. Наринаи тазарв аз модинааш калонтар, пару болаш суп-сурх, думдароз аст. Тазарви модина қахваранг буда, парҳои баданаш холҳои сиёҳ доранд. Тазарв соле як бор тулак мекунад.

Фазан / Phasianus colchicus
Тазарв паррандаи муқимист ва асосан дар туғайзори соҳили дарҳои Вахш, Зарафшон ва ғайра вомехурад.
Дар Тоҷикистон як намуди Тазарв (Рh. соlоhibus) ҳаст ва он 3 навъ — зарафшонӣ (Рh. соl. Zегаfсhаnicush); аз Панҷакент то маҳалли регзори Саидуқлӣ), тоҷикистонӣ (Рh. соl. turcectanica; поёноби дарёҳои Панҷ, Вахш ва Кофарниҳон) ва сирдарёӣ (Рh. соl. turcectanicus; водии дарёи Сир) дорад. Зернамудҳои тазарв аз якдигар фақат бо ранги болупарашон (тазарвҳои нарина) фарқ мекунанд. Тазарв донахӯр ва эҳтиёткор буда, асосан сокини туғайзар аст. Баҳорон ба марғзор мебарояд.
Дар натиҷаи корам шудани заминҳои дарёбод ва нобуд гаштани тӯғайҳо саршумори тазарв ниҳоят кам шудааст. Аз ин рӯ, дар ҳӯдуди Тоҷикистон шикор кардани тазарв манъ аст. Дар мамнӯъгоҳи «Полвонтугай» тазарвхои (фазанария) барпо кардаанд, ки дар он олимон оид ба афзун намудану ба табиат сар додани тазарв таҷриба гузаронда истодаанд.
Адабиёт: Абдусаломов И. А. Баев а В. Г., Линдт И. И., Олами ҳайвоноти Тоҷикистон, Душанбе, 1976; Абдусаломов И. Л., Фауна Таджякской ССР, том 19, ҷилд 1, Душанбе, 1971. И. Абдусаломов,

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …