Маълумоти охирин

ТАХТИ ТОҚДИС

ТАХТИ ТОҚДИС (номи қаср, ҷои лашкар), 1) оҳанги қадимии маросими, ки Борбади Марвӣ барои Хусрави Парвиз тасниф кардааст; 2) оҳанги панҷум аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ; 3) гӯшаи созӣ дар шӯъбаҳои «Нуҳуфт» ва «Ҳумоюн» («Дувоздаҳмақом»); 4) гӯшаи мусиқӣ дар мақоми «Сегоҳ» (Эрон), ки байни шохаҳои мусиқии «Шоҳхитоӣ» ва «Ранги дилкушо» воқеъ аст; 5) гӯшаи мусиқӣ дар мақоми «Наво» (Эрон), ки пас аз гӯшаи мусиқии «Шоҳхитои» дар шохаи мусиқии «Шаҳрошӯб» воқеъ мебошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …