Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАХТИ ҚУБОД

ТАХТИ ҚУБОД

ТАХТИ ҚУБОД, димнаи атиқаест дар раёни Қабодиёни вилояти Қӯрғонтеппа, дар соҳили рости дарёи Аму. Солҳои 1950—51 як гурӯҳ кормандони Экспедисияи археологии Тоҷикистон бо роҳбарии М. М. Дяконов тадқиқ намуд. Тахти Қубод росткунҷа буда, аз куҳандиз ва бошишгоҳи на он қадар калони атрофи он иборат аст. Тахти Қубод борҳо дар адабиёти илмии тореволюсионию советӣ зикр шудааст. Олимон тахмин мекунанд, ки аз харобаҳои ёдгорь эҳтимол хизонаи Амударё ёфт шуда бошад.

18_khoja_mashad
Бинобар ин димна диққати онҳоро ба худ ҷалб намуд. Аз Тахти Қубод маснуоти гуногуни сафолӣ, пойсутунҳои сангӣ, дошхо ёфт шуданд, ки онҳо ба давраи атиқа мансубанд. Баъзе муҳаққиқон ақида доранд, ки Тахти Қубодро ҳамчун қалъа истифода бурда, гузаргоҳи дарёи Амуро аз ҳуҷуми душманон муҳофизат мекардаанд.
В.С. Соловёв

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …