Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАХТА ВА ТИРАК

ТАХТА ВА ТИРАК

ТАХТА ВА ТИРАК асбобест барои тунук кардани заволаи хамир! Тахта чӯби тахту ҳамворест, ки дарозиаш тақрибан 100—120 см ва бараш 20—25 м мешавад. Мобайнаш ба тамоми дарозӣ каме барҷаста аст.

1ce924a589131a4bab181898306fce9b

Аз ду тарафи зери тахта поячаҳо мешинонанд, то ки дар рӯи он тунук кардани завола осон гардад.
Тирак чӯби борику дарози гирдаест (дарозиаш 100—110 см ва ғафсиаш 2—3 см), ки тавассути он заволаро тунук мекунанд. Тахта ва тирак барои тунук кардани заволаи хамири оши туппа, угро, манту, тушбера ва ғайра истифода бурда мешавад.
М. Ҳомидҷонова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …