Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАХОРИСТОНИҲО

ТАХОРИСТОНИҲО

ТАХОРИСТОНИҲО, номи як халқияти эронинажоди Осиёи Миёна, ки дар Тахористон мезистанд. Авлоди бохтариҳо ва яке аз аҷдоди тоҷиконанд. Дар бисёр асарҳои илмӣ саҳваи тахористониҳоро бо тахориён як донистаанд. Дар асл тахориён қабилаҳое буданд, ки дар Туркистони Шарқӣ мезистанд ва солҳои 140—129 то мелод         ба Осиёи Миёна, аз он ҷумла, ба Бохтар юриш карда давлати Юнонии Бохтарро барҳам доданд. Минбаъд дар Бохтар маскун шуда бо бохтариҳо омезиш ёфтаанд. Аҳолии асосӣ дар Бохтар бохтариҳо бошанд ҳам, мамлакат Тахористон ном гирифт.

tijorat-300x200

Дар асоси бозёфтҳои археологии аз ҳудуди Тахористон бадастомада антропологҳои советӣ В. В. Гинзбург, Л. В. Ошапин ва дигарон аҳолии ин сарзаминро мансуби нажоди европоии брахисефалӣ ва онҳоро бо бохтариҳою суғдиҳои аз як гурӯҳи нажодӣ дониста, авлодоии бевоситаи бохтариҳо ҳисобидаанд. Тадқиқоти этнографӣ низ ин фикрҳоро тасдиқ кардааст.

То вақтҳои охир фақат аз рӯи катибаи рӯи танга ва дигар ашёҳои маданияти моддӣ олимон забони тахористониҳоро аз гурӯҳи забонҳои эронӣ меҳисобиданд. Соли 1957 ҳангоми ҳафриёти қасри Сурхкӯтал аввалии катибаи калони иборат аз 25 сатр (тақрибан мутааллиқ ба асрҳои 1—2 мелодӣ) ёфт шуд. Ношир ва шореҳи катиба шарқшиноси франсавй А. Марик забони онро яке аз лаҳҷаҳои забони бохтарии қадим шуморида, «этео-тахорӣ», яъне «ҳақиқатан тахорӣ» номид. Муҳаққиқи немис  В. Б. Ҳеннинг таклиф кардааст, ки хати мазкур хати бохтарӣ номида шавад. Ба ақидаи забоншиносон забони бохтарӣ дар давраи то истилои араб забони асосии аҳолии Тахористон будааст. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои хаттӣ ва топонимикаи баъзе ноҳияҳо дар асрҳои 7—8 дар байни тахористониҳо  забони форсии дарӣ-тоҷикӣ ҳам васеъ паҳн шуда буд ва дар асрҳои 9—10 он забони асосии оммаи тахористониҳо гардидааст.

Хати тахористониҳо юнониасос буда, дар аҳди подшоҳони Юнонии Бохтар паҳн шудааст. Забони юнонӣ ба забони бохтарӣ таъсири амиқ надошт, вале бо ҳуруфоти юнонӣ ифода кардани калимаҳои забони бохтарӣ баъди парокандашавии подшоҳии Юнонии Бохтар ҳам дар Тахористон то асрҳои 8—9 давом кардааст.

Намунаи хати тахористониҳо тавассути навиштаҷоти рӯй тангаҳо, мӯҳри подшоҳони кушонию ҳайтолӣ, пораи хум дафнҳо (1951 дар Душанбе ёфт шуд), катибаи сафолпораву деворҳои Қаротеппа ва дигар осори маданияти моддию маънавие, ки дар ҳудуди Тахористон ва берун аз он ёфт шудаанд, то рӯзҳои мо омада расидааст. Барои тадқиқи хати тахористониҳо катибаҳои Сурхкӯтал аҳамияти калон доранд. Маълумоти сайёҳи  хитоӣ Сюан-Цзан дар бораи аз 25 ҳарф иборат будани хати тахористониҳо ва аз чап ба рост хонда шудани он, мӯҳри навиштаҷоти юнонӣ доштаи ҳокими Хуталон, ривояти олими арабизабон Самъони дар бораи то истилои араб дар паҳнои Вашгирд (Файзободи ҳозира) ва Қабодиён вуҷуд доштани алифбои махсус шаҳодат медиҳанд, ки хати бохтарӣ дар Тахористон дар асрҳои 8—9 ҳам вуҷуд доштааст. То паҳн шудани ҳуруфоти арабӣ дар байни тахористониҳо (асосан дар байни буддоиён) хати ҳиндӣ низ мавҷуд буд. ки ба ҳуруфоти санскрит, кҳароштӣ ва браҳмӣ асос ёфта буд. Бино ба маълумоти Сюан- Цзан тахористониҳо асарҳои бисёри бадеӣ доштаанд.

Дар солномаҳои хитоии «Суйшу» ва «Тайшу» қайд шудааст, ки тахористониҳо мардуми машҳур буда, иборат аз 100 000 кас қӯшуни қаторӣ доштаанд; дар муҳорибаҳо сипоҳиёнашон хеле моҳирона моҷангидаанд. Бино ба ахбори «Таншу» мардҳои тахористониҳо мӯйсарашонро тарошида камзӯлҳои шоҳии пешкушода мепӯшидаанд, либоси камбағалон аа моқути сафед будааст. Ҳокими онҳо унвони шеху (шоҳ) доштааст.

Саёҳи хитоӣ Хок Чао, ки соли 7-26 ба Осиёи Миёна омада буд, дар ёддоштҳои худ қайд мекунад, кии тахористониҳо хӯрокҳои хамириро бештар дӯст дошта, нони танӯрӣ мехӯрданд. Либосҳояшон аз мӯина ва газворҳои пахтагию абрешимӣ будааст. Мувофиқи тасвироти рӯи деворҳои Балаликтеппа либосҳои ашроф аз матоъҳои рангини гулдор иборат будаавд. Аз рӯи тасвироти баъзе матоъҳо абн мегардад, ки пешхизматон бештар либоси аз матоъҳои суфтаи оддӣ дӯхташуда мепӯшидаанд. Нақшунигори деворҳои Аҷинатеппа гувоҳӣ медиҳанд, ки мардҳо камзӯли дароз, камарбанди заррин ва музамаҳсии бепошна, занҳо китфпӯшаки беостин, аз таги он либоси остинвасеъ ва куртан ҳарири остинтанг дар бар мекардаанд. Занон худро бо гарданбанд, дастпонаю ангуштарин ва гӯшвораҳои заррин зиннат медодаанд. Тахористониҳо дини ягона надоштанд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ дар байни тахористониҳо буддоия ва зардуштия бештар паҳн шуда буданд. Як қисмашон ба монавия ва масеҳият (насториён) эътиқод доштаанд. Тахористониҳо ба зироат (зағиру пахта, ғалладона), чорводорӣ ва ҳунармандӣ (кулолӣ, бофандагӣ, коркарди филизот, заргарӣ, чармгарӣ, шишагарӣ, сангтарошӣ ва ғайра) машғул буданд. Тахористониҳо бо Хитой, Ҳиндустон, давлати Рус, Эрон, Византия ва як қатор мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна муносибатҳои тиҷоратӣ доштаанд. Бо вуҷуди тохтутоз ва забткориҳои пайдарпаи аҷнабиён (Кушониён, Ҳайтолиён, Ҳоқонии турк, арабҳо ва ғайра) тахористониҳо анъанаҳои бои давлатдорӣ, хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ ва мадании худро маҳфуз дошта будаанд.

Баъди таъсис ёфтани давлати Сомониён тахористониҳо баробари суғдиён, хоразмиёну фарғонагиҳо ва дигар халқиятҳо дар ташаккули халқи тоҷик мавқеи калон доштаанд. Нигаред низ Тахористон.

Адабиёт: История таджикского народа, т. 1—2, Москва. 1063—64:    Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва, 1972. А. Ҷалилов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …