ТАХОРИСТОН

ТАХОРИСТОН   яке аз вилоятҳои таърихие, ки дар собиқ сарзамини Бохтари Қадим дар байни куҳҳоиҳои Помир, дарёҳои Мурғобу Ҳарируд ва куҳҳои Ҳиндукушу Ҳисор (дар ҳудуди ҳозираи ҷануби Тоҷикистон вилояти Сурхондарёи РСС Узбакистон ва шимоли Афғонистон) воқеъ гардида буд. Тахористон номи худро аз номи қабилаи бодиянишини тахориён гирифтааст, ки дар асри 2 то мелод  ба Осиёи Миёна ҳуҷум оварда, давлати Юнонии Бохтарро сарнагун карда буданд. Дар сарчашмаҳои хаттии фосӣ-тоҷикӣ ва арабӣ истилоҳи «Тахористон» аз асри 5 то асри 13 истифода шудааст. Маъхазҳои хитоӣ ин истиилоҳро Тухоло ном бурдаанд. Дар асрҳои 1—4 мелодӣ Тахористон қисми таркибии давлати Кушониён гардид. Дар асри 5 давлати Кушониён аз тарафи Ҳайтолиён сарнагун карда шуда, Тахористон то асри 6 дар ҳайати империяи Ҳайтолиён монд. Дар асри 7 империяи Ҳайтолиён барҳам хӯрда, Тахористон ба тасарруфи Хоқонии турк афтод. Тахористон ба Ҳайтолиёлу Хоқонин турк тобеъ шуда ба онҳо андоз медод, онҳо бошанд ба ҷараёни зиндагии ин мардум он қадар мудохила намекарданд. Туркҳо дар байни аҳолии муқими ин сарзамин кам буданд. Аҳолии маҳаллӣ асосан халқҳои эронинажод буд. Дар аҳди Ҳайтолиён ва туркҳо дар Тахористон муносибатҳои нави ҷамъиятӣ-феодалӣ авҷ гирифт ва якчанд давлатчаҳои алоҳидаи феодалӣ ташкил ёфтанд. Мувофиқи маълумоти сайёҳи хитоӣ Сюан- Цзан дар аввали асри 7 дар Тахористон миқдори ин давлатчаҳо ба 27 расида буд. Ҷуғрофидону муаррихони арабизабони асрҳои 7—9 дар Тахористон якчанд давлатчаро номбар мекунанд:Балх, Тирмиз. Чағониён, Аҳорун, Шуман, Қабодиён, Вахш, Вашгирд, Рашт, Хуталон, Бадахшон, Кумод, Шикинон ва Вахон. Шумораи онҳо дар ҳар як давра ҳар хел буд. Ҳокимони давлатчаҳо соҳибихтиёр буда, «шоҳ» ва «худот» барин унвонҳои махсус доштанд. Ҳар яке аз онҳо ба номи худ пул сикка мезад ва дастаи хурди ҳарбӣ дошт. Асоси қушуни онҳоро саворагон (аз ҷумлаи ашроф ва қисман аскарони кироя) ташкил медоданд. Аслиҳаи қӯшун аз тиру камон, шофу шамшер, найзаву соскан ва гурзу табарзин барин яроқҳо иборат буданд. Шоҳони давлатчаҳои номбурда зуд-зуд бо ҳам низоъ мекарданд. Баъзе аз онҳо дар давраи истилои араб қувваи арабҳоро бар зидди душмани хӯд истифода мебурданд. Адоват ва набудани ягонагӣ дар байни ҳокимон ба халқҳои Осиёи Миёна имкон надоданд, ки дар муборизаи зиддн истилогарони араб муттаҳид шаванд. Яке аз сабабҳои асосии аз тарафи арабҳо дар нимаи якуми асри 8 забт шудани Тахористон, ва дигар ноҳияҳои Мовароуннаҳр низ ҳамин буд. Тахористон  асрҳои 9—12 ба ҳайати давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Ғуриён дохил буд, аввали асри 13            онро муғулҳо забт карданд. Аз ҳамин вақт сар карда истилоҳи «Тахористон» хамчун номи музофот аз байн рафт. Маъхазҳои хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки Тахористон яке аз қадимтарин ноҳияҳои зироат, чорводорӣ ва тамаддун будааст. Деҳқонӣ асосан аз кишти обӣ иборат буда, дар доманакӯҳҳо лалмикорӣ низ вуҷуд доштааст. Боғдорӣ, токпарвари, сабзавоткори ва полиз ҳам ривоҷ дошт. Шароити мусоиди географӣ, фаровонии об ва чарогоҳҳои беканори Тахористон боиси инкишофи чорводорӣ гардида буд.

toharistan-map-660x330

Тахористон аз сарватҳои табиат бой буд. Мувофиқи маълумоти ҷуғрофидонҳои асрҳои 9—10 Истахрӣ, Ибни Русто ва муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» дар Вахон ва Хуталон тилло ва нуқра истихроҷ мекардаанд. Дар натиҷан тадқиқоти геологию археологии дар ҳудуди Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ гузаронидашуда зиёда аз 78 ҷои кону маъдангудозии асримиёнагӣ муайян гардид. Дар хоҷагии Тахористон ҳунармандӣ ва савдо низ ҷои махсусро ишғол менамуданд. Яке аз қадимтарин ва маъмултарин соҳаҳои ҳунармандӣ кулолӣ буд. Дар шаҳру деҳоти Тахористон дӯконҳои оҳангари низ зиёд буданд, ки аҳли ҳунар олоти меҳнат, асбоби рӯзгор, яроқҳои ҷангӣ ва ҳар гуна асбоби ороиш тайёр мекарданд. Ҳангоми ҳафриёт дар Тирмиз маҳаллаи махсуси оҳангарони асрҳои 10—11 ёфт шуд, ки дар он қариб 100 устохонаи оҳангарӣ, заргарӣ ва ғайра воқеъ будааст.

Дар Тахористон бофандагӣ касби хеле қадима ва анъанавӣ буд. Матоъҳои рангорангу нафиси пахтагӣ, пашмӣ ва абрешимии Тахористон берун аз он ҳам шӯҳрати зиёд доштанд. Дар Тахористон заргарӣ, шишасозӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ, кандакорӣ ва ғайра ривоҷ ёфта буд.

Инкишофи ҳунармандӣ аз кишоварзӣ ҷудошавиро тезонд. Истеҳсоли мол дар асрҳои 10—11 боиси ба марказҳои ҳунармандӣ ва савдо табдил ёфтани шаҳрҳо гардид. Дар баъзе шаҳрҳо якчанд бозор бино ёфта, аз шаҳру деҳоти атроф ва мамлакатҳои дигар баҳри савдо меомаданд. Тахористон бо бодиянишинони Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Рум, баъзе князиҳои давлати Руси Қадим, Миср ва дигар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна алоқаи савдо дошт. Бисёр роҳҳои тичоратии байни ғарб ва шарқ аз шаҳрҳои Тахористон мегузашт. Дар қади роҳҳо корвонсаройҳо буданд. Мувофиқи маълумоти Ибни Ҳавқал дар асрҳои 9—10 дар Мовароуннаҳр 10 ҳазор работ будааст.

Дар натиҷаи тадқиқоти шарқшиносони советӣ муайян гардид. ки миёнаи хазораи 1 то мелод ва миёнаи ҳазораи 1 мелодӣ дар ин ҷойҳо сохти ғуломдйрӣ ҳукмрон будааст. Аз асри 5            сар карда дар Тахористон муносибатҳои феодалӣ инкишоф ёфтаанд.

Истилои араб ба ҳаёти иҷтимоии Тахористон тағирот дароварда бошад ҳам ба инкишофи муносибатҳон Феодалӣ таъсири калон мерасонид, Бо омадани арабҳо тафриқаи табақаҳои ҷамъият тез шуда, шумораи табаҳои мутеи аҳолӣ афзуд. Дар муборизаи дурударози зидди истилогарон, ҳатто як қисми деҳқонон низ мақоми иқтисодии худро аз даст дода, ба тоифаи тобеъ мубаддал мешуданд. Қисми дигарашон ба тарафи арабҳо гузашта, пештара барин чун табақаи ҳукмрони Тахористон мондан гирифтанд. Баъди истилои араб аз таркиби синфҳои ҳукмрони Тахористон коҳинон барҳам хӯрданд, зеро онҳо намояндагони дину мазҳаби зидднисломӣ буда, арабҳо онҳоро саросар қир карданд. Ба ҷои онҳо рӯҳониёни мусулмон пандо шуданд, ки дар асрҳои 10—12 яке аз табақаҳои асосии синфи ҳукмрони Тахористонро ташкил медоданд. Дар ин асрҳо дар натиҷаи авҷгирии иқтою илҷадорӣ заминҳо ба дасти феодалон гузаштанд. Заминдории калони феодалӣ ба амал омада, ҷамъият ба ду синфи антагонистӣ — феодалон ва деҳқонони побанд ҷудо шуд. Муносибатҳои феодалӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ пурра ғалаба кард.

‘Го вақтҳои охир мо дар бораи забони мардумони Тахористон чизе намедонистем. Аз рӯи катибаи танга ва дигар ашёи маданияти моддӣ маълум буд, ки забони тахористониҳо аз гурӯҳи забонҳои эронист.

Мувофиқи маълумоти баъзе манбаъҳои хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ мардуми Тахористон бомаърифат буданд ва то истидои араб дар соҳаҳои гуногуни илм комёбӣ ва асарҳои илмӣ доштаанд. Тадқиқотчиён мукаррар намудаанд, ки дар давраи Юнонию Бохтар дар Бохтар баробари ҳисоби даҳӣ ҳисоби бистиро ҳам кор мефармудаанд. Маҳз дар ҳамин давра мунаҷҷимони маҳаллӣ номҳои сайёраҳои асосӣ ва баъзе бурҷҳои фалакро сареҳ кардаанд. Онҳо дар айни ҳол физик, математик, файласуф ҳам будаанд. Мардуми Тахористон дар соҳаи кимиё дониши хуб доштаанд.

Аввалин зуҳуроти эҷоди адабии мардуми Тахористон достонҳои қаҳрамонию асотирии онҳост. Инкишофи таърихии халқ ба воситаи офаридаҳои бадеъ инъикос меёфт, бо ҳамин роҳ дар бораи баҳодурону паҳлавонони Бохтару Суғду Хоразм — Рустам, Сиёвуш, Барзу ва ғайра силсилаи ривоятҳо пайдо мешуданд. Ҳамаи ин ривоятҳо сонитар барои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маъхази асосӣ гардиданд. Тавассути муборизаи озодихоҳии зидди истилогарони араб адабиёти Тахористон ва дигар ноҳияҳои ин аз нав барқарору мукаммал гардида, орзуву ҳаваси мардумро пурратар инъикос менамуд. Охири асри 8 ва аввали асри 9 дар байни аҳли хиради Тахористон шуубия пайдо шуд. Аҳли ин равия маданияти қадима ва бои маҳалллро ба тамаддуни соддаву оддии тоисломии арабҳо қиёс намуда, бо ҳамин роҳ орзуву омоли ба озодидоштаи халқро ифода менамуданд. Яке аз намояндагони машҳури ин равия Башшор ибни Бурдии Тахористонӣ буд. Аз охири асри 8 ва аввали асри 9 адабиёти бадеии Тахористон ба забоин дарӣ инкишоф ёфтан гирифт.

Тавассути ҳафриёти археологии солҳон охир масолеҳи бинокорӣ, тарзи сохтмон ва санъати ороиши Тахористон низ равшан шуда истодааст. Ҳафриёти як қатор ёдгориҳои қадима шаҳодат медиҳанд, ки меъморони Тахористон ҳангоми бунёди иморатҳо аз хишти хом ва похса истифода мебурданд. Аз хишт девор ва сақфи гунбазшакл месохтаанд. Баъзан аз хишт фарш мегустурдаанд. Девори қалъаҳо асосан аз похса бардошта мешуд. Усули муштараки деворсозӣ (як радда хишт, як радда похса) ҳам вуҷуд дошт. Аз хишти хому похса биноҳои бузург ҳам месохтанд, ки чандин дар хонаву ҳуҷраҳо доштанд. Зимнан, ин гуна биноҳо дуошёна ва ҳатто сеошёна мешуданд. Ошёнаҳо пағнаҳо доштанд. Дар иншооти меъмории Тахористон чӯб барои болор, сутункашонҳо, дару дарича ва корҳои ороиш истифода мешуд. Сангро фақат дар таҳкурсӣ мечидаанд. Дар маҳалҳон кӯҳистон аз санг девор бардошта хона месохтанд. Аз санг таҳсутуну боша, тахтасангҳои рӯкаш, нақшу ороишоти гуногун низ метарошиданд. То давраи ислом дар сохтмон хишти пухта хеле кам истифода мешуд. Аз асрҳои 9—10 сар карда аз хишти пухта қаср, мақбара, масҷид ва баъзе иморатҳои ҷамъиятӣ месохтагӣ шуданд. Дар пардозу ороиш гачро ба кор мебурданд. ‘Гарзи равоқ, гунбаз, ошёну пағнасозӣ, аз санъати баланди меъморони Тахористон дарак медиҳад. Маълум мешавад, ки тахористониён баробари донистани усулҳои гуногуну аҷиби меъморӣ (хиштчинӣ ва тарҳбандӣ) бо илмҳои ҳандасӣ ҳам нағз шинос будаанд. Иморатҳои давраи тоисломии Тахористон ғафс, вазнинбом, мустаҳкаму бошукӯҳ будаанд. Биноҳоро бо нақшунигор ва ҳайкалҳо оро медоданд. Бо мурури инкишофи муносибатҳон феодалӣ ба ҷои биноҳои азим (ғайр аз масҷид, мадраса, мақбара) биноҳои хурду сабуки синҷдор месохтагӣ шуданд. Бо вуҷуди баъзе тағйирот анъанаи санъати меъмории тоисломии тахористониён барҳам нахӯрд ва баръакс асоси инкишофи минбаъдаи санъати меъморӣ гардид. Бинобар ин асоси санъати меъмории тоҷикон шуғли меъмории чандинасраи тахористониёну суғдиёни қадима мебошад.

Меъморони Тахористон нақшунигори меъмориро дар суруҷтахта, сафол, санг, чӯб ва гил мекашиданд. Баъди истилои араб ва маъмул шудани хишти пухта дар санъати меъморӣ нақшунигори хиштӣ ҳам ривоҷ ёфт. Яке аз қадимтарин осори меъморие, ки нақшунигори хиштин дошта, то рӯзҳои мо расидааст, мақбараи Аламбардор (дар наздикии шаҳри Каркии РСС Туркманистон) мебошад. Вай

дар аввали асри 11 сохта шуда, ба мақбараи Исмоили Сомонӣ хело шабоҳат дорад.

Соли 1933 дар Айритом санги тарошндашудаеро ёфтанд, ки намунаи ороиши меъмории асри 1 мебошад. Ҳафриёти археологии дар вайронаҳои маъбади буддои Тирмизи Қадим, димнаҳои Балаликтеппа, Холчаён, Аҷинатепна ва Кофирқалъа (водии Вахш) ва ғайра гузаронидашуда, асарҳои баландмазмуну зебошакли санъати тасвирии тоисломии Тахористонро ошкор намуданд. Ҳангоми ҳафриёт як силсила ҳайкалҳои Буддо, ҳайкалу ҳайкалчаҳои ҳайвону инсон ва дигар осори маданияту рӯзгор ёфт шуданд. Намунаҳои аҷоиби саиъати ҳайкалтарошӣ ва наққошӣ инчунин аз харобаҳои Дилварзин теппа, Зартеппа ва Қаротеппа, Сурхкӯтал ва Шаҳри Бону (Афгонистони Шимолӣ) ва аз якчанд харобаҳои дигари сарзамини Бохтар — Тахористон ҳам пайдо гардиданд. Барои таҳияи ҳайкалҳо дар баробари гил, инчунин санг ва гаҷу филизот низ кор мефармудаанд. Нақшунигори Дайри Тирмизи Қадим аз намунаҳои санъати наққошии давраҳои охири атиқа мебошад. Баъзе намунаҳои нақшунигори асри 6 Тахористон солҳои 1950—55 аснои кофтукови хароботи қалъаи Балаликтеппа ба даст омадаанд. Кашфиёти археологӣ далолат менамояд, ки Тахористон санъати ба худ хос, анъанаҳои бои бадеӣ ва равияву мактабҳои хос доштааст.

Адабиёт: Бартольд В. В., Тохаристон, Сочинение, том 3, М., 1865; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и среднвеековая история, Москва, 1972; Джалилов А., Из истории културной жизни предков таджикского народа и таджиков в раннем средневековье, Душанбе, 1973.

А. Ҷалилов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …