Маълумоти охирин

ТАВҲИД

ТАВҲИД (ягонагӣ, ваҳдат), таълимоти диниест, ки яккаю ягона будани худоро дар «ло илоҳа иллаллоҳ» ифода мекунад. Мафҳуми худо дар давраи политеизм дар байни арабҳо маълум буд, вале ин мафҳум худоҳои оомониеро ифода мекард, ки ҳанӯз яккаву ягона набуданд. Муҳаммад ғояи ваҳдати сетонаи (худо-падар, худо-писар ва рӯҳулқудс) масеҳиятро, ки моҳиятан маънои ширкӣ дошт, рад намуд ва эълон кард, ки худо яккаю ягона аст.

tavhid
Дар масъалаи ҳаққу халқ — чи гуна аз ваҳдат ба вуҷуд омадани каорат — дар Қуръон ягон ақидаи муайяну мураттаб сабт нашудаст. Ин масъала дар афкори фалсафи ва ирфонии мутафаккирони Шарқ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар боб ақидаҳои гуногун ба миён омаданд. Масалан, Тавҳиди тасаввуфӣ аз Тавҳиди динӣ фарқ мекунад. Ҷуллобии Ҳаҷвирӣ дар «Кашф-ул-маҳҷуб ли арбоб-ил-қулуб» қавд кардааст, ки «ҳақиқати тавҳид ҳукм кардан ба яквагии худост. Ин Тавҳид се хел аст. Навъи якуми он Тавҳиди ҳақ аст, ки аҳадияти худовандро ифода мекунад. Навъи дуюмаш Тавҳиди ҳаққу халқ аст, ки ваҳдатро инъикос менамояд ва навъи сеюм Тавҳиди халқу ҳақ аст, ки ғояи вахдату касратро дар ягонагӣ таҷассум мекунад.
Дар афкори ирфонӣ, дар зинаи фано масъалаи ваздат ё худ ҳулул бо худо ба миён гузошта шуд. Дар зинаи бақо касрати ҳамин ваҳдат дар ашёи олами беруна зоҳир мешавад.
Тавҳиди динию ирфонӣ асоси илмӣ вадошта, фақат ақидаи монотеистиро талқия мекунад. М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …