Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАВЗЕИ МАКСВЕЛЛ

ТАВЗЕИ МАКСВЕЛЛ

ТАВЗЕИ МАКСВЕЛЛ (тақсимоти Максвелл) дар физикаи статистӣ, қонуни тақсимшавии молекулаҳон системаеро аз рӯи суръат гӯянд (ба шарте, ки система дар ҳолати мувозинати термодинамикӣ бошаду молекулаҳояш аз рӯи қонунҳои механикаи классикӣ ҳаракат кунад). Соли 1859 Ҷ. К. Максвелл кашф кардааст.

tavzei-bolcman

Мувофиқи Т. М. эҳтимолияти дар фосилаҳои х, υх + dυx], [υy, υy + dυy],[υz,υz+dυz] -мавҷуд будани проексияҳои суръати молекула d (υх, υу, υz) бо формулаи
d (υх, υу, υz)= ) e- · dυх, dυу, dυz
муайян карда мешавад, ки дар он m — массаи молекула, Т — ҳарорати мутлақи система, к — собитаи Болcман.
Бо ёрии Тавзеи Максвел қимати миёнаи суръатҳои (молекулаҳо ва функсияи дилхоҳи ин суръатҳоро ҳисоб кардан мумкин аст. Аз ҷумла муайян карда шудааст, ки қимати миёнаи квадратии суръати молекулаҳо 2 = /m аз суръати эҳтимолтарин андаке ( -маротиба) калон мебошаду халос.
Агар ҳаракати зарраро чун ҳаракати нуқтаи моддӣ ҳисоб кунем, Тавзеи Максвел аз тақсимоти каноникии Гиббс бармеояд. Тавзеи Максвелро барои ҳисоб кардани суръати молекулаҳои моеъ, ҷисми сахт ва зарраҳои броунӣ (зарраҳои броунии дар муҳитбуда) низ истифода бурдаи мумкин аст. Ш. Шокиров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …