Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАВТОЛОГИЯ

ТАВТОЛОГИЯ

ТАВТОЛОГИЯ (юнонӣ tautologia, аз tavto:— ҳамон ва логос) дар забоншиносӣ, тақрори як ё якчанд калимаи ҳаммаъноро гӯянд, ки ба сухани гӯнда мазмуни нав илова намекунанд. Тавтология шаклҳои гуногун дорад: а) ба тарзи дигар баён кардани фикр — «Нутқи муаллиф — сухани (муаллиф аст» (як маънӣ бо шакли дигар ифода шудааст); б) истифодаи калимаҳои зиёдатӣ — «Аз ҳама беҳтарияи онҳо» («аз ҳама» зиёдатӣ осмадааст); в) такрори калимаҳои ҳамреша дар як ибора ё ҷумла — «хусусиятҳои хос», «Дар асари мазкур чандин сарчашмаҳо зикр шудаанд»; г) такрори мубтадо дар хабари номӣ — одам — одам аст, кор кор аст. Дар ду моддаи боло Тавтология ҳамчун плеомазм (ҷузъи зиёдатӣ) зуҳур кардааст. Гоҳо такрори пурра ё нопурраи калимаҳо (оҳиста-оҳиста, нон-пон ва ғайраро) Тавтология мегӯянд, ки дуруст нест. Зеро дар ин навъ такрор калимаҳо нисбат ба шакли танҳояшон маъно ва моҳияти услубии (нав зоҳир менамоянд.
В. Капранов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …