Маълумоти охирин

ТАВСИФ

ТАВСИФ (арабӣ — васф кардан), санъати бадеиест, ки муҳимтарин хусусияти чизе ва ё ҳодисаеро ифода мекунад. Тавсиф дар ибораҳои изофӣ, ки исми конкрет доранд, як навъи сифати ашьёест, ки бо ёрии узвҳои ҳис Мушоҳида шудаанд. Масалан, абри сиёҳ, рӯзи равшан, осмони нилуфар барин сифатҳоро бо чашм мабинем. Тавсифҳои ақли тавоно, сифати некӯ ва ғайра асоси ақлӣ доранд. Тавсиф мунйянкунанидаи сифат, ҳолати чизе ё мафҳумест. Аз ин рӯ онро муайянкунандаи бадеӣ ҳам гуфтаанд. Дар адабиётшиносси гузашта Тавсифро на санъат балки такрори чанд сифати санъати бадеӣ донистаанд ва тансиқуссифот номидаанд.
Масалан:
Кӣ дорад чун ту маъшуқе нигору чобуку дилбар,
Бунафшамӯю наргисчашму лоларӯю насринбар?
(Абдулвосеи Ҷабалӣ).
Тавсифи баъзе чизҳо ба шакли ибораи рехта меояд. Чунончи, гули хандон, моҳи тобон, сарви равон, модари меҳрубон ва ғайра, Агар ба ашё аз андоза зиёд сифати мусбат ё манфӣ дода шавад, Тавсиф ба муболиға табдил меёбад. Сифаҳо образи дигари бадеиро низ аз ҷиҳати хулқу атвор, маданияту фазилат ва ғайра м номидаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …