Маълумоти охирин

ТАВРОТ

ТАВРОТ, як қисми Библия, маҷмӯи навиштаҷоти муқаддаси дини яҳудиро номанд, ки дар масеҳият низ муқаддас дониста мешавад. Ба забони яҳудии қадима ва қисман оромӣ (байни асрҳои 12—2 то мелодӣ) таълиф шудааст.

bibliya

Солҳои 90—100 милодӣ ҳамчун маҷмӯи ягона таҳия гардидааст. Мувофиқи дастхатҳои маҳфузмонда Аҳди Қадим аз 39 китоб иборат буда,он низ дар байни мардум бо номи Таврот маълум аст ва ба се тақсим мешавад: 1. Панҷкитобаи Мусо (Таквин, Хуруҷ, Ливиён, Аъдод, Таврити мусанно); 2. Мактуботи пайғамбарон (китоби Ясуъи бани Навин, ки мазмунан ба Таврити мусанно қаробат дорад. Қузоти бани Исроил, кутуби 1—2-и Сулаймон, кутуби 1—2-и мулук, Ишиё, Ирмиё, Ҳазқил, инчунин 12 пайғамбарони «сарир» — Ҳушиё, Иуиил, Амос, Авбдиё, Ионоҳ, Микоҳ, Ноҳум, Ҳабқуқ, Сафниё, Ҳагий, Закариё, Малахиё); 3. Мактуботи таърихӣ ё ривоёт (Забур, амсоли Сулайман, китобҳои Аюб, суруди Сулаймон ё Нашид ан-ношид, Руф, ниёҳоти Ирмиё, Воизи номии Сулаймон, Истир, Дониёл, Узро, Нахмиё кутуби 1—2-и таворихи айём).
Ибодати масеҳӣ аз тарҷумаи юнонӣ, лотинӣ, славянии қадим ва забони ҳозлраи Таврот истифода мебарад. Асоси ин тарҷумаҳо тарҷумаи қадамаи юнонист. Дастхатҳои Қумрон нусхаи асли баъзе китоб ва порчаҳои Тавроти томасоретиро ошкор вамуданд. Таврот аслан маҷмӯи эҷодиёти даҳонии қабилаю халқиятҳои Шарқи Наздик буда, фақеҳону илоҳиётшиносони яҳудию масеҳӣ онро чандин бор дар рӯҳияи динӣ таҳриру таҳия кардаанд.
Таврот шарҳи воқеаҳои ҷамъиятию умумихалқӣ, падидаҳои муҳимми маишату зиндагии ашхоси алоҳида, таамули замона, муносибатҳои иҷтимоӣ, ҷанги байни давлатҳо ва қабилаҳо, равобити байниқабилавию байвидавлатии ҳазораи якуми то мелодро дарбар гирифта. тамоми зиндагии ҷамъиятию шахсӣ, масъалаҳои сиёсӣ, оилавию маиш2иро аз назари динӣ таъбир намудааст. Дар Таврот воқоаю ҳодисаҳои таърихии аслан ба яҳудиён ва қиоман ба халкҳои дигари қадими соҳпли баҳри Миёназамин мансуб дарҷ гардидаанд. Дар Таврот амру нишондодҳои тибби қадима низ мушоҳида мешаванд.
Матнҳои динии Таврот на аз шӯҳрати илоҳӣ, балки аз сиёсати коҳинон ва сеҳру хурофоти қадима ҳикоят мекунанд. Дар Таврот афсонаҳои халқӣ (гунаҳкории Одаму Ҳавво), андешаҳои фалсафӣ, амрҳои маросимӣ, мӯъҷизоти сершумори динӣ низ инъикос бфтаанд. Масъалаҳои ахлоқию ҳаётӣ низ дар Таврот таъбир шудаанд: дар Хурӯҷ гуфта шудааст, ки фарзандон то се насл барои гуноҳи падарон ҷавобгаранд. Вале мувофиқи фармудаи Сулаймон (18, 20) барои гуноҳ танҳо рӯҳи гунаҳкор баъди фавти ҷисм ҷавоб мегӯяд. Ҳамаи ин даъвол азалияти тавҳиди яҳудиён ва офарида будани Тавротро сарфи назар менамояд. Таъсири китобҳои алоҳидаи Таврот дар Қуръон хеле зиёд буда, ирсияти таълимоти диниро тасдиқ менамояд.
С. Ахмедов, А. Шарифов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …