Маълумоти охирин

ТАВОРУД

ТАВОРУД (арабӣ —паёпайомадан, бо ҳам дар як ҷо фуруд омадан), дохил шудани маънии шеъри як шоир ба шеъри дигар, тасодуфан кор фармуда шудани айни як мазмун дар ашъори ду шоири мухталиф. Масалан, байтҳои зерин аз шоирони гуногун буда, мазмунан яканд:
Дар азал акси маи лаъли ту дар ҷом афтод,
Ошиқи сӯхтадил дар тамаи хом афтод.
(Салмони Соваҷӣ).
Акси рӯи ту чу дар оинаи ҷом афтод,
Ориф аз хандаи май дар тамаи хом афтод.
(Ҳофиз).
На ҳамаи шеър, балки ягон мисраъ ё байти ду шоир ба ҳам монанд мешавад. Вале на ҳар як монандии зоҳирӣ ва тақлиду пайравиҳои бошуурона таворуд буда метавонад.
А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …