Маълумоти охирин

ТАВҚ

ТАВҚ, мурғак, як навъ зеварро гӯянд, ки аз қадим дар байни тоҷикон маъмул аст. Тавқ ороиши занона буда, онро асосан арӯсон ва ҷавонзанон мебанданд. Тавқро аз нуқра ва баъзан аз тилло месозанд ё ба рӯяш оби тилло медавонанд.

tavk

Шаклу сохт ва андозаи он гуногун буда, аксар шакли паррандаро дорад, ки бад-ин сабаб мурғак номидаанд. Ба риштаи бофта тақрибан 29—30 адад мурғак ва байни ҳар кадоми онҳо аз боло ба поён марҷони сурх ё мошак (марҷони нуқрагӣ) мегузаронанд. Дар қисми поёнии Тавқ тангачаҳои хурдҳаҷм ё дигар зеварҳои ороиши (баргак, мӯҳра, ситора, ҳилол ва ғайра)-ро низ меовезанд. Тавқ бештар дар байни мардуми водии Зарафшон, Бухорою Самарқанд, Кӯлобу Қаротегин маъмул аст. Тавқро ҳоло дар корхонаҳои заргарӣ месозад.

Адабиёт: Таджики Каратегина и Дарваза. выпуск 1, Душанбе, 1966; Широкова 3. А., Традиционная и современная одежда женщин Горного Таджикистана, Душанбе, 1976.

  1. А. Широкова, М. Ҳомидҷонова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …