Маълумоти охирин

ТАВИЛА

ТАВИЛА, 1) саисхона, аспхона, оғил, биноест барои нигоҳубини асп. Дар тавилаи аспҳои зотӣ нарёи, модиён (байтал) ва тойчаро нигоҳ медоранд. Аспҳои зотиро алоҳида алоҳида, тойчаҳоро гурӯҳ-гурӯҳ нитоҳубин мекунанд. Андозаи стандартии кодокҳо барои нарён, модиёну тойчаҳо дар транйиг 3,5X3,5 м аст. Дар тавила барои баста нигоҳ доштани аспҳои корӣ, модиёну тойчаҳо говҳо месозанд, ки андозаи стандартии онҳо барои аспҳои зоти калонҷусса 1,75X3 м ва хушҷусса 1,6×2,85 м мешавад.

tavila
Одатан аз рӯи план кодокҳо, говҳо ва ҷойҳои умумии аспҳо дар тавила дуқатора сохта шуда, ба дарозии бино роҳрави асосие ҳаст. Кодокҳо ва ҷойҳои ӯмумии тавила бо охуру обҳӯраҳо таҷҳизонида мешаванд. Тавила бояд ҷойҳои ёрирасон: манеж (80—90 м2), кохдон (10—12 м2), ҷои асбобу анҷом (6—12 м2) ва абзолгузорӣ (10— 12 м2), хонаи навбатдорӣ, ҷой барои резервуари об (ҳангоми набудани ғулбаҳои обгузар), хона барои апробасияи нутфаи нарён (ҳангоми набудани пункти бордоркунии сунъӣ) дошта бошад. Тавиларо барои 40 (аспи зотӣ ва корӣ) ва 100 сар асо (галак асп) месозанд; 2) ресмони дарозеро гӯянд, ки бо он пои чанд аспро ба ҳам банданд; 3) ресмони дурру гавҳар ва шаддаи марворидро гӯянд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …