Маълумоти охирин

ТАВФИҚ

tavakkul

ТАВФИҚ (арабӣ — мувофиқ гардонидан), яке аз мафҳумҳои асосии ахлоқи шарқиро гӯяяд, ки покӣ, хайрхоҳӣ, саховат, накӯкорӣ, адолат, ростқавлӣ, сидқу вафо ва ғайраро ифода менамояд. Фарде, ки одобаш ба сифатҳои фавқ мутобиқ бошад, шахси ботавфиқ мешуморанд. Ислом ба ин мафҳум тобиши динӣ дод. Диндорон мӯътақиданд, ки шахси мӯъмин бояд сифатҳои ахлоқии худро танҳо барои хидмати илоҳӣ сарф кунад. Ба ин маънӣ тавфиқ зӯҳду тақворо талқин менамуд. М. Султонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …