Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАВФИҚ АЛ-ХАКИМ Ҳусайн

ТАВФИҚ АЛ-ХАКИМ Ҳусайн

ТАВФИҚ АЛ-ХАКИМ Ҳусайн (Ал-Ҳаким Ҳусайн Тавфиқ; таваллуд 9. 10. 1898, Искандария), нависанда ва ходими ҷамъиятии араб (Миср), аъзои Академияи забони арабӣ дар Қоҳира. Аз оилаи ҳуқуқшинос. Мактаби олии ҳуқуқшиносии Қоҳираро хатм намуд (1924), дар Париж адабиёту санъати Европаро омӯхт. Тавфиқ ал-ҳаким муаллифи зиёда аз 100 драма, бештар аз 25 повесту роман, 14 маҷмӯаи ҳикояю новеллаҳо ва 10 маҷмӯаи мақолаҳои илмии публидистӣ, аз ҷумла аввалин романи иҷтимоию маишӣ дар адабиёти муосири араб («Бозгашти рӯҳ», 1933) ва повести реалистия «Хотираҳои муфаттиши деҳа» (1937) мебошад. У тахти нуфузи М. Метерлинк, Г. Ибсен ва В. Шоу як силсила драммаҳои романтикию рамзӣ («Сокинони ғор», 1933; «Шаҳрзод», 1934; «Пигмалион», 1942; «Сафар ба фардо», 1950 ва ғайра) офаридааст, ки онҳо бо номи «театри интеллектуалӣ» машҳуранд. Тавфиқ ал-ҳаким тарафдори прнисипҳои санъати реалистист. Бисёр ҳикояҳояш — «Тавлиди афкор» (1962), «Шоҳ Эдип» (1967), «Рози дил» (1968), «Хорҳои сулҳ» (1969), «Сиёсати ошиқ» (1070), «Ба сӯи ҳаёти нав» (1975) ва ғайра ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Лауреати Мукофоти давлатди Миср оид ба адабиёт (1961).

К. Мусофиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …