Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАВАККУЛ

ТАВАККУЛ

tavakkul

ТАВАККУЛ, (арабӣ — ваколат, мутаваккйлӣ), дар тасаввуф, яке аз зинаҳои такомули рӯҳиро гӯянд, ки дар он сӯфӣ тарки тадбири нафс кунад, эътимод ба ҳақ дошта бошад ва бикӯшад, ки аз ғайр худро барканед. Аҳли тасаввуф таваккулро дилбастагиву эътимоди комил ба маърифати ирфонӣ медонанд; чун солик ҳар андоза маърифати ҳақро беҳтар бишносад ва аз қудрату раҳмату ҳиммати ӯ хубтар огоҳ шавад, гӯб дилбастагиаш ҳамон андоза меафзудааст. Таваккул мақомест, ки на ҳамаи соликон ба он расида метавонанд. Таваккул яке аз мақамоти маърифати тасаввуфӣ буда, мазмуну маънии илмӣ надорад.
М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …