Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАУМАСИТ

ТАУМАСИТ

ТАУМАСИТ (юнонӣ tауmаsit — ҳайронам), минерал. Таркиби химиявиаш Cа3Н2[C03, SO4, SiO4] 13Н2O. Cахтиаш 3,5; зичиаш 1,88 г/ам3. Рангаш сафед, шаффоф. Кристаллҳояш сӯзаншакл ва риштамонанд аст.

mineral-taumasit

Таумасит минерали камёфт буда, дар контакти трапп ва оҳаксанг ба сифати минералҳои фаръӣ, бештар дар конҳои пайдоишашон эндотенӣ вомехӯрад. Таумасит. дар Қӯрғошимкон, Накғай ва Қарохонаи РСС Ӯзбакистон, инчунин дар Консойи РСС Тоҷикистон ёфт шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …