Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАТУМИҲО

ТАТУМИҲО

ТАТУМИҲО, тотумиҳо, татмиҳо (Аnасаrсuасеае), як оилаи растаниҳост, ки ба он буттаву дарахтони ҳамешасабз ё хазонрез ва баъзе лианаҳо мансубанд. Барги онҳо содда ё мураккаби пармонанд буда, дар танаву шохҳо пай дар ҳам ё мутақобил ҷойгиранд. Гули майда, 3—5, баъзан 7— баргаи бештар якҷинса ва баъзан дуҷинса, меваи донакмонанд ё чормағз доранд. Дар дунё қариб 600 намуди татумиҳо (80) мерӯяд (махсусан дар кишварҳои тропикии ҳарду нимкураи замин, инчунин дар Европаи Ҷанубӣ, ноҳияҳои иқлимашон мӯътадили Осиё ва Америка фаровонанд).

tatum

Дар СССР 6 намуди худрӯй ва 5 намуди киштаи татумиҳо (аз 4 ҷинс: Кsасgа, gоunиs, Тоххсоsеnsоn) ҳастанд. Дар Тоҷикистон аз татумиҳо писта (Pisiаciа verа) ва татум (соrrаnа) мерӯяд. Пистазорҳои табиии республика масоҳати васеъро фаро гирифтаанд. Мағзи писта хуштаъму серравғану серғизост; аз он моддаҳон даббоғӣ (нигаред низ Бузғунҷ) ва қатрои мегиранд. Татум буттаи сертаннид аст ва онро барои ош додани пӯст истифода мебаранд. Меваи дарахти нағзак ё андак (Маnhега тsiоа)-ро истеъмол мекунанд. Бисёр татумиҳо растаниҳои доруm, техникӣ, равғандор, даббоғӣ, рангуборӣ мебошанд. Баъзеи онҳо (Америкаи Шимолӣ ва Осиёи Шарқӣ) хеле заҳрноканд.
Адабиёт: Флора СССР, т. 14, Москва—Ленинград, 1945: Тахтаджян А. Л., Система и филогении цветковых растений,, 1906.
С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …