Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАТУМ – сумоқ

ТАТУМ – сумоқ

ТАТУМ, татм, тотум, тутум, сумоқ, сумох (Вus соnаnа), бутта ё дарахти хурдест аз оилаи татумиҳо. Аз 1 то 5 м қад мекашад.

tatum
Баргаш мураккаб (аз 4—8 ҷуфт баргчаҳои байзашакл ё нештаршакл иборат), паршакл (дарозиаш 15—23 см, бараш то 9 см). Гулаш майда, сафедтоб, якҷинса, хушагулаш туғшакл. Донааш гурдашакли зайтунии ҷигарранг (дарозиаш то 3 мм), турши хуштаъм; онро ба таамҳои гуногун меандозанд. Тухмаш майда (ваэни 1000 донааш 12 г, наскшакл, сиёҳтоб. Дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор миёнаҳои июн мешукуфад. Мевааш октябр мепазад. Татум аз тухм ва бехҷаст зиёд мешавад. Дар шаронти табиӣ татуми 5-сола то 50 см ва 10-сола 2—3 м қад мекашад. Дар нишебиҳои хушку санглох, шахсор, инчунин ҷангалзори сирак (минтақаҳои поёнӣ ва миёнаи кӯҳ) месабзад.
Аз қадимулайём ин ҷониб татум растании доруист. Шифобахшии онро олимони дунёи қадим Теофраст ва Ҷолинус қайд кардаанд. Абӯали Сино доруи аз татум тайёр кардаашро барои табобати захсуш рӯда, дарди гӯш, фалаҷи асаби рӯи, инчунин ҳамчун доруи муқавии узвҳои ҳозима, қайгардон, хунбанд ва ғайра истифода мебурд. Меваи татум кори меъдаро тақвият дода, иштиҳо мекушояд, исҳоли хунинро барҳам медиҳад; Юсуф ибни Муҳаммад дар «Ҷомеъ-ул-фавоид» («Тибби Юсуфӣ», соли таълиф 1500) гуфтааст:.
Сумоку оби ӯ ҳар як ба меъда
Мувофиқ бошад, орад иштиҳоро.
Шикам бандад, кунад беҳ реши рӯда,
Барад ташвиши зусанториёро.
Дар саноати тиб аз барги татум танин (то 15%) мегиранд. Танашро барои табобати энтерит, хала, инчунин чун хунбанд, позаҳр ва ғайра истифода мекуналд. Барги татум манбаи моддаҳои даббоғӣ (газ 13% то 28,6%) мебошад. Бо он пустро ош медиҳанд. Буттаи татум нишебиҳои санглохи кӯҳро мустаҳкам мекунад.
Адабиёт: Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, Москва, 1975; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Ленинград, 1976.
М. Дустматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …