Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАТОБУҚ

ТАТОБУҚ

ТАТОБУҚ (арабӣ —мутобиқ, монандӣ), истилоҳи хоси тиббию биологист, ки мазмунан ба адаптасия наздик буда, дар се мавриди зерпн истифода мешавад: татобуқи чашм, мутобиқшавии чаппм ба равшан дида ҷисмҳои аз ҳамдигар дар масофаи гуногун ҷойгиршудае, ки дар натиҷаи тағйири қувваи шиканандаи системаи оптикии чашм ба амал меояд ва ин боиси фокусировкаи (акс ёфтан) тасвир дар шабакияи чашм мегардад. Дар тибби имрӯза татобуқи чашмро аккомо2дация меномадд. Чашми моҳиҳо наздикбин буда, татобуқ дар натиҷан ба ақиб ҳаракат намудани ҷалидияи курашакл ба вуҷуд меояд; обхокиҳо ва хазандаҳо дар ҳолати оромӣ дурбинанд ва татобуқ ҳангоми ба пеш ҳаракат намудани ҷалидияи чашм ба амал меояд. Дар паррандагон, ширхӯрон ва одам татобуқ дар натиҷал тағйирёбин каҷии ҷалидия ба вуҷуд меояд.
2) Татобуқи физиологӣ (татобуқи бофтаҳои барангезанда — масалан, мушакӣ, асабӣ) одат кардан ба таъсири омилҳои барангезандаеро гӯянд, ки қувваашон тадриҷан меафзояд. Масалан, торҳои ҷудогонаи асабро ҳангоми тез сард кардан ё зарба задан ба ҳаяҷон овардан мумкин аст, вале агар онҳо тадриҷан сард ё фишурда шаванд, ба ҳаяҷон намеоянд, 3) бо хати бефосила холати ҷалидияи чашм ҳангоми ором будан ва бо пунктирҳо дар ҳолати татобуқ нишон дода шудааст
татобуқи гистологӣ (татобуқи бофтаҳо), дар ҷараёни одаткунӣ тағйир ёфтани сохт ва таносуби унсурҳои бофтаҳо (ҳуҷайра)-ро гӯянд. Азбаски татобуқи гистологиро аз дигар процессҳо (метаплазия, атрофия) аксар вақт фарқ намудан душвор аст, ин истилоҳ шартӣ мебошад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …