Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАТАРИНОВА Елена Алексеевна

ТАТАРИНОВА Елена Алексеевна

tatarinova-ea

ТАТАРИНОВА Елена Алексеевна (таваллуд 26. 5. 1997, деҳаи Парюжатаи ҳозира раёни Овечаи вилояти Кирови РСФСР), ҳайкалтароши советӣ. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1967). Солҳои 1916 —18 дар Мактаби рассомии шаҳри Қазон, солҳои 1921— 22 дар Омӯзишгоҳи рассомию истеҳсолии ба номи Штиглиси Ленинград ҳунар омӯхтааст. Соли 1940 Татаринова ҳамроҳи як гурӯҳ рассомон барои ороиши бинои нави Театри опера ва балети тоҷик ба Сталинобод омад. Тамоми ороиши дохил ва беруни театрро Татаринова анҷом додааст: шабакаҳои зинапоя, намояи деворҳо, қоши саҳна, ишквони толор, бошаи сутунҳо ва ғайра. Солҳои 40—50 Татаринова асосан портретҳои муҷассамавӣ офарида, дар онҳо корнамоиҳои халқро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасвир кардааст. Минбаъд Татаринова биноҳои ҷамъиятиро оро додааст: бинои Банки давлатӣ (бошаи сутунҳо, барелефҳо, гач), бинои КМ ГЖ Тоҷикистон (барелефҳои К. Маркс, В. И. Ленин, ғайра), намои Китобхонаи республикавии ба номи Фирдавсӣ (гурӯҳи нимҳаикалҳо — Фирдавсӣ, Ибни Сино, Рӯдакӣ, А. С. Пушкин, Л. Толстой, М. Горкий, Т. Шевченко). Татаринова тимсоли бисёр арбобони илму маданият ва ветеранҳои ҷангро офарида, ғалабаҳон меҳнатию шуҷоати одамони советӣ, симои маънавию сифатҳои наҷиби инсонии онҳоро ситоиш намуд. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Т. Мирзоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …