Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАСВИРОТИ РӮИ САНГ

ТАСВИРОТИ РӮИ САНГ

ТАСВИРОТИ РӮИ САНГ, петроглифҳо, тасвирҳои қадимтарин дар девору сақфи ғорҳо, болои харсангҳо ва сангҳои алоҳида, ки яке аз шаклҳои васеъ паҳнгардидаи санъати ибтидоӣ мебошад. Тасвироти руи санг аз давраи палеолит то рӯаҳои мо ва дар тамоми ҷаҳон маълуманд. Се усули асосии тасвирот ба нааар мерасад: раомҳои бо ранг кашидашуда, расмҳои тарошидашуда ва расмҳои ба воситаи олоти тези филизй ё сангӣ кандашуда. Тасвироти руи санг бешумори Валкамоника (Италия), Левант (Испания), Тассила (Саҳрои Кабир), Кобустон ва Залавруги (СССР) ва ғайра дар тамоми ҷаҳон машҳуранд. Дар Осиёи Мнёна Тасвироти руи санг бештар дар кӯҳистон ёфт шудааст.

tasviroti-rui-sang

Тасвирҳои мағораи Шахта ва суратҳои Заравутсой ба асри санг мансубанд. Тасвирҳои бисёри асри биринҷӣ ДаР Соймалитош (РСС Қирғизистон), ёфт шуданд. Тасвирҳои Сармишсой ва Букантоғ РСС Узбакистон) бо бадеияти баланди худ фарқ мекунанд.
Тасвироти руи санг дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон, хусусан дар Зарафшон, наздикии Ленинобод ва Ашт, Қаротегину Дарвоз ва аз ҳама зиёдтар дар Бадахшон (бештар аз 10 ҳазор) ёфт шудаанд. Бостоншиносон бисер тасвирҳоро дар Вибистдараи наздикии Хоруғ ва танҳо дар Лангаркишт зиёда аз 6 ҳазори онро омӯхтаанд. Тасвироти руи санг Тоҷикистон шартан ба чунин давраҳо тақсим карда шудаад: 1) тасвирҳои асри санг аз мағораи Шахта мансуб ба давраи мезолит (ҳазораҳои 9—б то мелодӣ), 2) тасвирҳои асри биринҷӣ (ҳазораи 2 то м.) 3) тасвирҳри давраи скифҳо (ҳазораи 1 то мелод), 4) тасвирҳои давраи Кушониён (асрҳои 1—4), 5) тасвирҳои асрҳои миёна (асрҳои 7—15), 6) тасвирҳои охири асрҳои миёна ва давраи ҳозира (аз асри 16 то рӯзҳои мо), Қариб дар ҳамаи Тасвироти руи санги Тоҷикистон нахчирҳо акс ёфтаанд. Дар байни расмҳо манзараи шикор бисёр дучор меояд. Шикорчиён аксар тиру камон дар даст акс ёфтаанд, ки дар паҳлӯяшон сурати сагҳо кашида шудаанд. Тасвири савораҳо, корвон, муҳориба, ҳамлаи даррандаҳо ба рамаи чорвои хонагӣ, манзаратҳои гуногун дучор мешаванд. Ғайр аз нахчирҳо диққати рассомони қадимро инчунин қутос, гург, шерпаланг ва ғайра ба худ ҷалб намудаанд.
Манзараҳои гуногуни Тасвироти руи санг ҳамчун инъикоси эҷодиёти халқӣ одид ба дин, асотир, идеология, ҳаёти маишӣ ва табъи бадеии халқҳои кайҳо аз байнрафта маълумоти бой медиҳанд. Тасвироти руи санг ин китоби ба худ хоси сангӣ, ки намунаи эҷодиёти гаронбаҳои рассомони қадимро барои наслҳои оянда нигоҳ доштаанд. В. Л. Ранов.
Тасвири дучарха ва одам (Помири Шарқй)

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …