Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАСВИРИ ОПТИКӢ

ТАСВИРИ ОПТИКӢ

ТАСВИРИ ОПТИКӢ, тасвирест, ки дар натиҷаи ба системаи оптикӣ афтидани нурҳои афкандаи объект ё аз он аксшуда ҳосил мегардад.
Истифодаи тасвири оптикӣ одатан ба тағйири миқёси тасвири предметҳо ва гузаронидани нақшаи онҳо ба ягон сатҳ (экран, фотонавор, фотокатод ва ғайра) алоқаманд аст. Одам чизеро аз он сабаб мебинад, ки нақшаи он дар пардаи шабакияи чашм акс меёбад.
Тасвири оптикӣ ҳақиқӣ ва мавҳум мешавад. Тасвири оптикии ҳақиқиро дастаи нурҳое ҳосил мекунад, ки дар як нуқта ҷамъ мешаванд. Дар ҳамкории буриши нурҳо экран ё худ фотонаворро гузошта, дар он тасвири оптикӣ ҳақиқиро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар дигар мавридҳо нурҳои аз системаи оптикӣ бароянда пароканда мешаванд, аммо агар онҳоро хаёлан ба тарафи муқобил давом диҳем, нурҳо ҳамдигарро дар ин нуқта мебуранд. Ин нуқтаро тасвири мавҳуми нуқта (объект) меноманд; он ба нуқтаи буриши воқеии нурҳо мувофиқ намеояд, бинобар ин тасвири оптикии мавҳумро дар экран ё худ фотонавор ҳосил кардан ва ба қайд гирифтан имконнопазир аст.
Ба сифати тасвири оптикӣ аз рӯи тақсимоти зичии энергияи рӯшноӣ дар тасвир баҳо медиҳанд. Барои ин контраст (Н) ном бузургиро истифода мебаранд:
R=
дар ин ҷо Еmin ва Еmах — қиматҳои хурдтарин ва калонтарини мунавварӣ дар тасвири оптикии объекти озмуни стандартӣ; ба сифати чунин объект панҷараеро қабул мекунанд, ки дурахшонии он аз рӯи қонуни синусоида бо басомади R тағйир меёбад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …