Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАСУЧУЙ Абдуллатиф

ТАСУЧУЙ Абдуллатиф

ТАСУЧУЙ Абдуллатиф (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнаниси эронӣ (асри 19). Дар Табрез таваллуд шудааст. Дар назди падараш хату савод омӯхт. У инчунин илмҳои замона ва сарфу наҳви забони арабиро омӯхта, лақаби «Муллобошӣ» – ро касб намуд. Муҳаммадшоҳи Қоҷор (1834—48) тарбияи валиаҳд Носируддинро ба Тасуҷуй супорида буд ва бо хоҳиши ӯ Тасуҷуй «Ҳазору як шаб»-ро дар ду ҷилд ба форсӣ тарҷума кард. Ба ҷои шеърҳои арабии китоб шоири эронӣ — Сурӯш аз осори шоирони форс-тоҷик ва эҷодиёти худ намунаҳо таҳия қарда буд. Тасуҷуй бар хилофи баъзе тарҷумонҳо ва носирони гузаштаю ҳамасри худ, аз услуби мураккаб ва забони душвор даст кашида, матлабро нисбатан соддаву равон ифода кардааст. Аз ин рӯ, «Ҳазору як шаб» намунаи хуби насри бадеии форсии асри 19 зътироф шудааст. Матни тоҷикии «Ҳазору як шаб» аз рӯи тарҷумаи Тасуҷуй таҳия гардидааст.
Адабиёт:
Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …