Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТАСТАТУРА

ТАСТАТУРА

ТАСТАТУРА (немисӣ Таsbаlur, аз Тае — клавиша, кнопка, тугма), рақамчини тугмавӣ, ҷиҳозест барои чидани рақамҳо (номери телефон) дар аппарату коммутаторҳои телефон, асбобҳои назоративу озмоишӣ ва ғайра. Тастатура одатан 10 тугмаи рақамӣ (барои чидани рақамҳои даҳӣ) ва чанд тугмаи ёрирасон (барои чидани ҳарфҳо) дорад. Ҳангоми фишурдани тугма ба олати қабул (масалан, стансияи автоматии телефон — САТ) сигнал фиристода мешавад.

tastatura

Дар тастатура суръати чидани рақамҳо дар як сония ба 7—8 аломат баробар аст, ки нисбат ба суръати рақамчини муқаррарӣ (Диокӣ) тақрибан 10 маротиба зиёд мебошад. Тастатураҳо вобаста ба шумораи қаторҳои тугма 1, 2, 3 ва 4— қатора мешаванд. Дар аппаратҳо ва коммутаторҳои телефон асосан Тастатураи 3-қатора истифода мешавад. Сохти тастатура имконият медиҳад, ки дар аппаратҳои телефон (нигаред расм) ба ҷои рақамчини диокӣ гузошта шавад. Тастатура и коммутаторҳои телефон, одатан 2 тугман иловагии ёрирасон дорад, ки бо мақсадҳои махсус (масалан, сигнализасияи ба охир расондани рақамчинӣ, ннтихоби ҷои кори телефонистка) истифода мешаванд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …