Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАСОДУФ

ТАСОДУФ

ТАСОДУФ, (арабӣ — ба ҳам вохӯрдан, ҳодиса, воқеа), дар ҳуқуқи гражданӣ вуқӯи ҳолатест, ки он қасдан пешбинӣ нашудааст. Одатан ҳангоми рӯй додани ҳодисаи тасодуфӣ ҳеҷ кас ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Дар ҳуқуқи советӣ ҳангоми рӯи додани тасодуф гунаҳкор дар ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

hukuk

Барои тасодуф ташкилотҳо ва гражданҳое, ки фаъолияти онҳо ба корҳои хатарнок (ташкилотҳои нақлиётӣ, ронандагони мошинӣ шахсӣ ва ғайра) вобаста аст, низ ҷавобгаранд. Ташкилотҳои нақлиёти ҳавой ҳангоми оғозу анҷом ва дар тӯли парвоз барои марг, маъюбӣ ва ё ба саломатии пассажирон зарар расондан ва ғайра (моддаи 101 кодекси ҳавоии СССР) ба ҷавобгарин молу мулкӣ кашида мешаванд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …