Маълумоти охирин

ТАСНИФ

ТАСНИФ (арабӣ — таълиф кардан, тартиб додан), шакли оҳангиест дар силсилаи «Шашмақом». Тасниф дар аввали қисми «Мушкилот» (созӣ) омада, асоси оҳангии дигар шаклҳо (Тарҷеъ, Гардун, Мухаммас ва Сақил)-ро ташкил медиҳад. Яъне дигар шаклҳо асоси маваӯи худро аз тасниф мегиранд. Тасниф дар ҳар мақом бо номи он илова шуда меояд. Масалан, таснифи Бузрук, таснифи рост, таснифи Наво ва ғайра. Тасниф дар мақом бо зарби (усули) 2/4 омада, хеле форам садо медиҳад ва хусусияти рӯҳбаландкунӣ дорад. Усули тасниф худ шакли «пешрав» дорад (яъне секвенсияҳои ба тадриҷ баланду пастшавандае, ки дар фуроварди ҳар кадом аз оҳангҳои кӯтоҳ меояд). Ин секвенсияҳо дар тасниф ва дар шаклҳои дигар ҳамаи пардаҳои танбӯрро дар бар мегиранд ва аз пасттарин парда сар шуда, оҳиста- оҳиста то баландтаринаш мерасанд. Таснифҳои Бузрук, Дугоҳ ва Ироқ бо диез навохта мешаванд, ки ин ба оҳанг таровати тозае мебахшад. Дар таснифи Рост «бозгуйҳо» хеле кӯтоҳанд (4—6 такт), вале дар таснифҳои Ндво, Дугоҳ ва Сегоҳ баъд аз чанд хона бозгӯӣ меояд. Яъне микдори боагӯйҳо аз хонаҳо нисбатан каманд (17 хона —3 бозгӯй, 8 хона — 6 бозгӯй, 7 хона—5 бозгӯй). Дар таснифи Бузрук микдори хона ва бозгӯйхо баробаранд (8 хона —8 бозгӯй). Шакли тасниф инчунин дар мақомхои озарбойҷонӣ ва эронӣ маъмул аст. Агар тасниф дар «Шашмақом» фақат дар қисми «Мушкилот» (созӣ) ояд дар мақомҳои озарӣ (муғам) ва эронӣ бошад, дар қисми овозӣ низ истифода мешавад. Тасниф дар ин мақомҳо чун сохти оҳангӣ дар назар дошта мешавед. Масалан, таснифи Чоргоҳ (Чоргоҳ Тэснифи), таснифи шӯр (Шур таснифи) ва ғайра. И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …