Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАШХИС – диагностика

ТАШХИС – диагностика

ТАШХИС, илми ташхис диагностика, таълилотест дар бо- раи усулҳои дардшиносӣ ва муқаррар намудани диагноз. Барои беморро ҳаматарафа ва мураттабона санҷидан бояд: 1) ҷамъ намудани анамнез (шунидани шикоят, омӯхтани таърихи беморӣ ва тарзи зиндагонии бемор); 2) тадқиқи объективии аҳволи организм (муоина, ламс кардан), перкуссия (ангушт задан), аускултация (гӯш кардан), бо усулҳои махсус муайян намудани қувваи босира, сомеа, рефлексҳо ва ғайра; 3)таҳлили натиҷаҳои тадқиқи ла- боратории хун, наҷосат, пешоб, балғам, фасод ва ғайра; кардиография, сфигмография, тадқиқи рентгенологӣ ва электродиагностикӣ (электрокардиография, электроэнцефалография ва ғайра), эндоскопия (бо ёрии асбобҳои оптикии махсус мушоҳида намудани сатҳи дохилии баъзе узвҳо, масалан, меъда, шошадон ва ғайра), биопсия ва ғайра лозим аст.

tashxis

Дар ташхиси баъзе амроз изотопҳои радиоактивиро истифода мебаранд. Барон ташхиси бемориҳои аллергию сироятӣ усулҳои бактериологӣ ва серологӣ аҳамияти калон доранд. Мумкин асг, ки бемориҳои гуногун аломатҳои якхела (сардард, таб, қайкунӣ да ғайра) дошта бошанд. Пас барои аз якдигар фарқ кардани онҳо аз ташхиси дифференциалӣ (яке аз аломатҳои асосии бемориро гирифта бо аломатҳои монанди дигар беморӣ муқоиса мекунанд) истифода мебаранд.
Одатан барон дарки бемори аён кардани шумораи зиёди нишонаҳои дард ва комбинацияи (якҷоя зоҳиршавии) онҳо зарур аст. Барои роҳ надодан ба хатоҳои духтурон (мутахассисони камтаҷриба) ва ташхиси касалиҳои фавқулода (аз солҳои 60 асри 20 сар карда) компютерҳо (дар асоси программаи пешниҳодшудаи олимони тиб ва кибернетикӣ)-ро истифода мебаранд. Дар рафти тадқиқи беморӣ хусусиятҳои физиологии беморро ба назар гирифта, сабаби беморӣ, оқибатҳои бади он, ихтилоли фаъолияти узвҳои организм (ташхиси функционалӣ) ва ғайраро ошкор мекунанд. Ташхиси бармаҳал ва аниқ муолиҷаро осон мегардонад ва равиши касалиро дар аксар мавридҳо пешгӯӣ карда метавонад. Ташхиси патологию анатомӣ ба омӯзиши ҷасади ташреҳшуда, таҳлили химиявию микроскопии бофтаҳо ва муқоисаи онҳо бо натиҷаҳон тадқиқи ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шахс гузарондашуда асос ёфтааст. Ташхиси патологию анатомиро дар амалияи тиббии судӣ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …