Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАШНАГӢ

ТАШНАГӢ

ТАШНАГӢ, ташнамонӣ, тааттуш, ҳолати физиологии ор- ганизмро гӯянд, ки хушк шудани даҳону ҳалқ ҳис мешавад ва ба обнӯшӣ моил мегардонад; эҳтиёҷи одаму ҳайвонотро ба об танзим менамояд. Шиддати ташнаги ба давомнокии мӯҳ- лати об нанӯшидан, дараҷаи тавассути арақ ва пешоб хориҷ шудани об аз организм, миқдори намаки оши ба воситаи хӯрок ба организм дохилшуда вобаста аст.

tashna

Ташнаги дар натиҷаи фаъолияти «маркази нӯшиш» (маҷмӯи ҳуҷайраҳои асабии шуъбаҳои гуногуни асабияи – марказӣ — зердӯнгии босира, системаи лимбию ҷисми тӯршакл, қишри нимкураҳои калон ва ғайра) ба амал омада, ба маҷмӯи ре- акцияҳои рефлесксӣ алоқаманд аст. Ҳангоми баъзе бомориҳои асаб, ғадудҳои эндокринӣ, ихтилоли мубодилаи обу намак, тағйири миқдори электролитҳо дар хун ва ғайра ташнагии аз ҳад зиёд мушоҳида мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …