Маълумоти охирин

ТАШБИБ

ТАШБИБ (арабӣ — зикри айёми ҷавонӣ), дар шеъри классикии форс-тоҷик ҷузъе аз қасидаи мадҳист, ки дар он айёми шабоб (ҷавонӣ)-и шоир ёд мешавад. Дар ашъори шоирони гузаштаи форс-тоҷик бисёр ташбибҳое пеш меоянд, ки дар онҳо гоҳе аз ишқу ҷавонӣ, гоҳе аз вазъи зиндагии шоир сухан меравад. Чунин ташбибҳо барои омухтани ақида ва аҳволи зидагии шоирон ёрӣ мерасонанд. Бештари қасидаҳои Ғобиаи Балхӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Анварӣ, Аслруддини Ахсикатӣ, Хоқонӣ ва дигар ташбиб доранд. Дар баъзе китобҳои адабиётшиносӣ ташбибро бо истилоҳи насиб НОМ бурдаанд. У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …