Маълумоти охирин

ТАШБЕҲ

ТАШБЕҲ (арабӣ — монанд кардан, монандӣ), яке аз санъатҳои бадеӣ, монанд ё муқоиса кардани чизҳо ва ҳолатҳо дар асари бадеӣ. Таркиби ташбеҳ, аз се ҷузъи асосӣ иборат аст; мушаббаҳ (монанда, ташбеҳшаванда); 2) адоти ташбеҳ (ёридиҳандаи ташбеҳ); 3) мушаббаҳунбиҳӣ (монанд,- ташбеҳкунанда). Масалан, дар ин байти Рӯдакӣ «май» —Монанда, «равон ёқути ноб» ва «баркашида теғ пеши офтоб» монанд, «чун» адоти ташбеҳ аст:
Биёр он май, ки пиндори равон ёқути нобастӣ,
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтобастӣ.
Калимаҳои чун, ҳамчун монанди, чунонки, гӯё ва пасоядаҳои -осо -осон -ваш вор ва ғайра ёридиҳандаи ташбеҳ меботад. Ташбеҳ ҳафт навъ дорад: 1) Ташбеҳи сареҳ: монандӣ бо ёрии ибораҳои «ҳамчунон аст», «бад-он мемонад» ва ғайра таъкид мешавад; 2) Ташбеҳи киноят: адоти ташбеҳ надорад ва гӯянда аз монанда киноятан ба монанд ишорат мекунад;

zabon

3) Ташбеҳи машрут: монандии чизеро ба чизи дигар ба шарт фарз кардан;
4) Ташбеҳи чаппа (маъкус) муқоисаи чизҳои ба ҳам зид аст, ки сифати яке ба дигаре дода мешавад; 5) Ташбеҳи музмар: чизе ба чизе ташбеҳ мешавад, аммо зоҳиран чунин менамояд, ки мақсад ташбеҳ не, балки чизи дигар аст, ҳол он ни ҳамон ташбеҳ дар назар аст; 6) Ташбеҳи тасвият: дар муқоиса баъзе аз авсофро бо чизе баробар ва мусовӣ кардан; 7) Ташбеҳи тафзил: монандаро баъди ташбеҳ аз монанд бартар донистан.
Адабиётшиносони гузашта беҳтарин ташбеҳ онро гуфтаанд, ки мушаббаҳ ва мушаббаҳунбиҳиро ба якдигар монанд кардан мумкин бошад (масалан, ташбеҳи шаб ба зулф ё зулф ба шаб). Ноқистарин ташбеҳ хаёлист ва онро берун аз мисол тасаввур наметавон кард (ташбеҳи танӯраи оташ ба дарёи пур аз мушк ва ё дурахшидани оташро миёни ангишти сиёҳ ба мавҷи зари моеъ ташбеҳ кардан ва ғайра). Ташбеҳ яке аз маъмултарин санъатҳои бадеӣ дар адабиёти гузашта ва имрӯзаи тоҷик ба шумор меравад. Яке аз муҳимтарин вазифаҳои адабию эстетикии ташбеҳ таклили асоси романтикии тасвири бадеист. Х. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …