Маълумоти охирин

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади зикри худоро бо он шуморад. Бо тасбеҳ худоро зикр кардан дар байни рӯҳониёни калисои католикӣ, буддоия, мусулмонон маъмул шудааст. Руҳонӣ ҳангоми тасбеҳ гуфтан (яъне номи худоро зикр кардан) донаҳои тасбеҳро як-як мегардонад. Бо тасбеҳ диндорон ҳангоми дуохонӣ намозхонӣ, чилланишинӣ, маросиму идҳои динӣ ва «табобат»-и баъзе бемориҳои руҳӣ (нигаред Соязада) зикри худову пайғамбар, авлиёҳоро менамуданд, наъту муноҷот ва дуохонӣ мекарданд. Фолбинҳо низ бо тасбеҳ фол медиданд. Мувофиқи ақоиди динӣ зикри худо зимни гардонидани тасбеҳ беҳисоб аст. Тасбеҳгардон аслан набояд ин амалиётро намоишкорона гузаронад. Гардонидани тасбеҳ асосан дар байни аҳли машоих, рӯҳониёни олимартаба, муфтию сайидзодагон расм будааст. Рӯҳониён тасбеҳро одатан аз дили шаб (тақрибан соати 3-и шаб) ҳангоми гузориши намози тааҷҷуд (намози ғайритаинотии панҷвақта, ки аз 12 ракъат иборат аст) то субҳ мегардонанд. Тасбеҳ расман 101 мӯҳра дорад. Дар тасбеҳ ду мӯҳраи калан — имом дорад, ки ЗЗ-тоӣ донаҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Тасбеҳҳои 33 мӯҳрадор ҳам маъмуланд.

tasbeh

Мӯҳраи ҳаҷман калонтари сари шаддаро нӯги тасбеҳ меноманд ва он ба шумори донаҳо намедарояд. Тоқ будани донаҳои тасбеҳ гӯё яккаву ягона будани худоро ифода мекардааст. Тасбеҳро аз ашки марям, қаҳрабо, фирӯза, садаф, марҷон, оҷ ва ғайра тайёр карда, ба риштаи нафис ё зеҳ мекашанд. Дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ ҳоло тасбеҳгардонӣ дар байни аксарияти аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон низ расм аст.
О. Муродов, С. Абдуллоев.

Инчунин кобед

efiopiya

ЭФИОПҲО

ЭФИОПҲО, аҳолии Эфиопия, ки аз як қатор халқҳо (амхара, тиграи, тигре, галла, гураге, сидамо, беда, …