Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАРЗӢ Маҳмуд

ТАРЗӢ Маҳмуд

ТАРЗӢ Маҳмуд (1868, Ғазна—1934, Истанбул), нависандаи маорифпарвари афғон, ходими давлатӣ. Дар давраи Амонуллоҳхон (1919—29), Тарзӣ вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд ва барои мустаҳкам намудани равобити дӯстии халқҳои Афғонистону СССР ҳисса гузошт. Тарзӣ муаллифи асарҳои «Равзан ҳикам» (1912), «Аз ҳар даҳан сухане ва аз ҳар чаман сумане», «Саёҳатномаи се қитъаи рӯи замин дар 29 рӯз» (1914), «Пароканда ашъор», «Адаб дар фан» (1915), «Ҷуғрофияи манзуми Афғонистон», «Фалсафаи ватан» (1917) ва ғайра мебошад. Тарзӣ бори аввал дар таърихи Афғонистон масъалаи таҳсили занонро ба миён гузошт. Осори Тарзӣ ба демократӣ шудани назму насри афғон ёрӣ расонд. С. Айнӣ ҳикояи «Кирмаку парвона»-и Тарзиро соли 1917 ба риштаи назм кашида буд. Шеърҳои ӯ дар матбуоти Тоҷикистон ба табъ расидаанд.
С. Мирзоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …