Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАРЗ

ТАРЗ

ТАРЗ (арабӣ— тавр, тариқа, услуб), категорияи грамматикии феъл, ки муносибати ба фоилу мафъул (субъекту объект) доштаи амалро ифода мекунад. Хелҳои тарз, ифода ва воситаҳои грамматикии он дар забонҳо гуногунанд. Дар забони тоҷикӣ ду тарз — фоилӣ ва мафъулӣ вуҷӯд дорад. Гузаранда ва монда будани феълҳои забони тоҷикӣ ба ифодаи Тарз алоқаманд аст. Дар тарзи фоилӣ амале ифода мешавад, ки он ба объект бевосита равона шудааст (Сангин мактубро навишта буд). Тарзи мафъулӣ амалеро мефаҳмонад, ки объекти он мубтадои ҷумла аст (Меваҳо чида шуданд). Ин тарз бо феълҳои гузаранда ва феъли ёридиҳандаи «шудан» ифода мешавад. Шакли тарзи мафъулӣ объекти бевосита гирифта наметавонад. Субъекти амал одатан ҳамчун пуркунандаи бавосита меояд (Мактуб аз тарафи Сангин навишта шуда буд). Феъли ёридиҳандаи «шудан» воситаи грамматикии ин тарз мебошад. Ҳатто дар феълҳои таркибии номӣ ҳам гоҳо феълҳои ёридиҳанда тарзи феълро таъин мекунанд. Феълҳои ёридиҳандаи «кардан» ё «намудан» тарзи фоилиро мефаҳмонанд (иҷро кардан, иҷро намудан) ; феълҳои ёридиҳандаи «шудан», «гаштан», «ёфтан» ифодагари тарзи мафъулии феъл мебошанд (иҷро шудан, бартараф гардидан, қабул ёфтан). Тарзҳои феъл ба синтаксис ва таркибҳои фаъолу нофаъоли ҷумла робитаи қавӣ доранд. Д. Тоҷиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …