Маълумоти охирин

ТАРХУН

ТАРХУН, тарахун, ғудурм, ғулур, ғурдунг, ғудан, ғулар, эстрагон (Аrtemisia dracunculus), гиёҳи худрӯи бисёрсолаест аз ҷинси шибоғ (оилаи мураккабгулҳо). Онро чун сабзавот низ мепарваранд. Пояаш рост ё каме хамида, сершох, то 120 (Тархуни кишта 150—185) см қад мекашад. Баргаш нештаршакл, баъзан сепарра (дарозиаш 3,5—8 см, бараш то 0,5 см), хӯшагулаш «сабатак»-и мудаввар, зарди сафедтоб, тухмаш хеле майДаи байзашакл вазни 1000 донааш 0,2—0,25 г). Дар алафазори нимсаваннаҳо, трагакантзор ва даштҳои ҷанубу шарқи Қисми европоии СССР, Сибир, Шарқи Дур, Кавказ, Осиёи Миёна (аз ҷумла Тоҷикистон) месабзад.

tarxun
Тархунро дар Закавказия кишт мекунанд. Тархун аз тухм ва қаламчаи решааш мерӯяд; дар як ҷо то 8—15 сол месабзад, вале чун сабзавот 4 сол истифода мебаранд. Аз ҳар га тархунзор 150—200 д ҳосил меғундоранд. Баргу пояи тару хушки онро чун хушбӯи ба таом меандозанд, инчунин барои очоронии бодиринг, помидор, занбӯруғ ва ғайра истифода мебаранд.
Тархун аз қадимулайём гиёҳи доруӣ ба шумор меравад. Онро Ҷолинус ва Абӯалии Сино барои табобати касалиҳои гуногун истифода бурдаанд. Тархун дар тибби халқӣ хеле маъмул аст. Табибон бехи онро дар шароб қиём карда барои давои ташаннуҷ ва саръ тавсия медиҳанд. Баргаш иштиҳоовар, тизрон, давои обхӯра (истисҳо) ва зангила мебошад. Тадқиқи фармакологӣ (Гурҷистон) нишон дод, ки қиёми Тархун ба газаки кӯҳнаи меъда даво мебахшад. Тархун сервитамин аст. 100 г сабзаи тари он то 70 мг% витамини С,6—8 мг% каротин (провитамияи А) ва то 170 мг% рутин дорад. Дар баргу пояи Тархун (дар давраи гулкунӣ) 0,15—0,88% равғани эфир (сабинея, мирсен ва ғайра), кумаринҳои гериария, скопарон, скополетия ҳаст.
М, Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …