Маълумоти охирин

ТАРХОН

ТАРХОН 1) Номи яке аз сарлашкарони подшоҳи Тӯрон дар «Шоҳнома». 2) Дар асрҳои миёна дар байни халқҳои турк, масалан, хоқонии Хазар (асрҳои 9—10) номи феодал. 3) Дар хониҳои туркии Осиёи Миёна, Закавказия, Қазон, Аштархон ва Қрим касест, ки ҳукумат ӯро барои ягон хизматаш аз андоз, гирифтугир ва ҳаргуна гуноҳ озод мекард. Ба чунин шахсон иноятномаи махсус (Номаи тархонӣ) дода мешуд. Тархон чун қоидаву қонуни феодалӣ дар охири асри 15 хусусан аҳди намояндагони охирини Темуриён маъмул гардид. 4) Дар Россия як навъ ҳуҷҷати имтиёздор (асрҳои 12—17). Тархон кардан маънои бахшидани гуноҳи касеро дошт. Тархонҳо дорои заминҳои зиёд буда, дар ҳаёти сиёсии мамлакат мақоми баланд доштанд. А. Ягонӣ,

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …