Маълумоти охирин

ТАРСЕЪ

ТАРСЕЪ (араби — ғавҳар нишонидан ба чизе), 1) аз пешаҳои халқии тоҷикист иборат аз нигинакорӣ кардани чизе (масалан, камарбанд); 2) аз санъатҳои бадеии лафзӣ — иборат аа мувозинатӣ калимаҳои мисраи якум бо дуюм аз ҷиҳати сифату миқдор.

sher

Родуёнӣ хола-хона овардани бахшҳои сухан ва Шамси Қайси Розӣ «мусаҷҷаъ гардонидани калимот», «мутасовӣ доштани алфоз дар вазну ҳуруф-ро тарсеъ гуфтаанд. Тарсеъ дар байтҳои зерин истифода гардидааст:
Таррақорчи кабуд.
Гиреқ гузашта аз кир бар сақифаи сим,
Зиреҳ нигошта аз мушк бар гули бодом.
(Унсурӣ).
Ба рӯй шамъ фурӯзӣ маро ба гирдисарой,
Ба мӯй анбар сӯзӣ зи фарқ то ба қадам.
Дар шеъри шоирони советии тоҷик низ тарсеъ истеъмол мешавад:
Сунбул ба ҳавои хуши таннози ту рақсад,
Булбул ба навои наи пурнози ту рақсад.
(Лоҳутӣ).
Тарсеъ барои оҳангнокии шеър ва кайфияти қабули он аз тарафи хонандаю шунаванда санъати бадеии мувофиқ аст. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …