Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАРОШКОРД

ТАРОШКОРД

ТАРОШКОРД, олоти сангиест, ки дар давраи палеолит паҳн шуда буд. Тарошкорд асосан хоси маданияти мусте буда, дар давраҳои аввал ва охири палеолит низ вомехӯрад. Тарошкорд санги ростқиррае буда, қирраҳои рост ё барҷастаи он вазифаи теғро адо мекарданд.

kord

Тарошкорд барои тарошидан ва буридани пӯсти ҳайвоноту дарахтон истифода бурда мешуд. Баъзеи тарошкордҳо эҳтимол, дастаи чӯбин низ дошта бошанд. А. Г. Амосова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …