Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАРНОВ – нова

ТАРНОВ – нова

ТАРНОВ, нов, нова, новадон, олатест, ки онро барои аз баландиҳо фуромардани об, гурезонидани оби барфу борони бомҳо ва ҷорӣ намудани обҳои ками баъзе заминҳои ноҳамвор (махсусан дар ноҳияқои кӯҳӣ) ва ғайра истифода мебаранд. Тарновро асосан аз ғӯлачӯб месозанд. Онро ба як ё якчанд ҷои обдави лаби бом мегузоранд.

nova

Тарновҳои бом то 1 м дарозӣ доранд. Барои ба ҷӯй равона кардани оби барфу борони иморатҳои қадимае, ки якчанд бом доранд, тарновҳои дарозро истифода мекарданд. Баъдтар тарновҳои тунукагии ғулбашакл сохтанд, ки онҳоро дар гӯшаҳои обдави хона рост (ба қади девор) мегузоранд. Барои гурезонидани оби барфу борони биноҳои серошёнаи ҳозиразамон тарновҳои асбесту сементӣ ва чӯяниро низ ба кор мебаранд. Тарноверо, ки барои аз болои ҷӯй ё ҷар гузаронидани об истифода мебаранд, одатан нова ё нов мегӯявд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …