Маълумоти охирин

ТАРМИМ

ТАРМИМ (арабӣ —таъмир кардан, ислоҳ кардан, дуруст кардан), реставратсия, ба шакли аслӣ (ё наздик ба он) барқарор кардан ва аз нав ба вуҷуд овардани осори санъат ва маданияти моддиро гӯянд. Тармим гуфта барқарор кардан ва мустаҳкам намуданн ёдгориҳои санъат ва маданият, меъморӣ, осори санъат, ашёи ҳафриётӣ ва дигар ёдгориҳоро меноманд, ки арзиши бадеӣ ва таърихӣ доранд. Тармими ёдгориҳои санъат аз давраи Эҳё мавҷуд буда, то охири асри 19 хусусияти оддӣ дошт ва вобаста ба завқи тармимгарон ба он тағйироту иловаҳои нолозим дароварда мешуданд. Танҳо охири асри 19 ва аввали асри 20 баробари андӯхтани донишҳои зиёд дар таърихи санъат, технологияи металлҳо, химия, физика ва ғайра тармим хусусияти ҳақиқатан илмӣ гирифт.

tarmim

Баъди Раволютсияи Октябр Ҳукумати Советӣ ба корҳои тармиму нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ диққати махсус медиҳад. Солҳои 1920—30 тармимгарони советӣ ҳазорҳо осори санъатро омӯхта, аз нобудшавӣ боздоштанд. Солҳои баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ тармимгарон бисёр ёдгориҳои меъмории осебдидаро аз нав барқарор карданд: қасрҳои Петергоф, Пушкин, Гатчина, Павловск, калисоҳои Новгород, Псков, Смоленск ва ғайра. Дар миёнаи солҳои 50 тармими осори бадеии музейҳо вусъат ёфт. Дар мамлакати мо ҳоло ба тармими осори бадеии музейҳо зиёда аз ду ҳазор мутахассисон машғуланд. Ғайр аз ин дар назди институтҳои археология, таърих ва этнографияи Академияи Фанҳои СССР ва Академияи Фанҳои республикаҳои иттифоқӣ лабораторияҳои техникию технологии тармим мавҷуданд. Дар Тоҷикистон ду маркази тармимӣ ҳаст. Лабораторияи тармимию технологӣ дар Институти таърихи Академияи Фанҳои Тоҷикистон (аз соли 1964) ва устохонаҳои махсуси истеҳсолии илмию тармимии Вазорати маданияти Тоҷикистон (аз соли 1969). Пеш аз тармим намуди аслӣ, замони сохташавӣ, ҳолати ҳозира, сабабу хусусияти вайроншавии осори маданию таърихи омӯхта мешавад ва тарзу услуб, ин чунин воситаҳои лозимбудаи тармим ва дигар санаду натиҷаҳои тадқиқот дар ҳуҷҷатҳои ягонаи тармимӣ, қайд мегарданд. Ёдгориҳо то тармим, ҳангоми тармим ва баъди он ба сурат гирифта мешаванд. Ҳамаи корҳои тармим таҳти назорати комиссия ё шӯрои тармимӣ қарор меёбанд. Кормандони Лабораторияи тармимию технологии Академияи Фанҳои Тоҷикистон то ҳол бисёр ёдгориҳои санъатро тармим кардаанд (ҳайкалҳои гилӣ ва гаҷӣ, мусаввараҳои рӯи девор, кандакориҳои чӯб, гаҷ ва устухон); Аҷинатеппа (асрҳои 7—8), Панҷакент (6 —8), Қалъаи Қаҳқаҳа (8—9, Шаҳристон), Қалъаи Кофарниҳон (7—8), Кофирқалъа (7—8), Тахти Сангин (асри 2 то м — асри 2 м.), Хулбук, Сайёд (9—12) ва ғайра. Дар Тоҷикистон аз тарафи устохонаҳои махсуси истеҳсолию илмӣ бисёр ёдгориҳои меъморӣ тармим гардидаанд. Мақбараи Хоҷа машҳад, мақбараи Хоҷадурбод (асрҳои 9—12, раёни Шаҳртуз), мақбараи Хоҷа Нақшрон (11—12, шаҳри Турсунзода) мақбараи Муҳаммади Башоро (12—14, раёни Панҷакент), мақбараи Амирсаиди Ҳамадонӣ (10— 16, Кӯлоб), мақбараи Саримазор (16—17, Уротеппа). Тармим мисли дигар илмҳо тадриҷан такмил ёфта, бо методу услубҳои нав бой мешавад.
Л. П. Новикова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …