Маълумоти охирин

ТАРМА

ТАРМА, барфи солгашт ё дар муддати зимистон дар қулла ва нишебии кӯҳхо ҷамъшударо гӯянд. Бо ягон сабаби табиӣ ё сунъӣ канда шуда бо шиддат ба поён фаромадани барфи замшударо тармафароӣ ё кандашавии Тарма мегӯянд. Боридани барфи бисёр, пасту баланд шудани ҳарорати ҳаво, тағйири таркиби механикии барф, заминҷунбӣ, садои баланд ва ғайра боиси тармафуроӣ мегарданд. Баъзан хаҷми барфи кӯчида ба 1,5— 2 млн м3 ва ғафсиаш то ба 60 м мерасад. Суръати фуромадани Тарма баҳисоби миёна 20—30 м/сон аст. Қувваи зарби он дар 1 м2 ба 60—100 т мерасад.

tarma

Тарма қувваи бузурги харобиовар дорад. Баъзан ба бешаҳои кӯҳӣ, деҳаҳо, роҳҳои нақлиёт, иншоотҳои саноатӣ, комплексҳои спортӣ зарари калон мерасонад. Барои пешгирӣ кардани хавфи Тарма мутахассисон одамонро пешакӣ аз кӯчидани Тарма огоҳ мекунанд, ба воситаи таркиш ва тирпарронӣ Тармаро поён мефуроранд, инчунин як қатор корҳои инженериро (аз қабили дарахтзор кардани нишебиҳо, сохтани новаю айвонҳои тармагузар ва ғайра) анҷом медиҳанд. Тармафароӣ махсусан дар кӯҳҳои Алп, Кордильера, Кавкаэ, Осиёи Миёна бештар рӯй медиҳад. Дар Тоҷикистон ин гуна ҳодисаҳо дар қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисору Олой ва кӯҳҳои Помири Ғарбӣ ба амал меоянд.
Н. Дилмуродов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …