ТАРКИББАНД шеърест иборат аз чанд банд, ки ба воситаи байти восила ба ҳам пайваста мешаванд. Ҳар банди Таркиббанд шеъри алоҳида (қасида, ғазал) аст дар мавзӯъҳои мухталиф. Аз тарҷеъбанд бо он фарқ мекунад, ки байти восилааш баъди ҳар банд тағйир меёбад. Масалан як банди Таркиббанд-и Ҷомӣ (ки аз 7 банд иборат аст):
То кай замона доғи ғамам бар ҷигарниҳад.
Ян доғ нек ношуда, доғе дигар ниҳад.
Ҳар доғ к-оварад қадарею беҳтаре.
Он доғро гузораду доғи батар ниҳад.
Зери ҳазор кӯҳи ғамам басту гар диҳад,
Дасташ ҳазор кӯҳ гар бар забар ниҳад.
Бар хони меҳмонии ӯ ҳозир ар шавам,
Пеши ман аз кабоби ҷигар моҳазар ниҳад.
Сад заҳри ноб таъбия бошад дар он миён,
Дар коми айши ман ба мисли шакар ниҳад.
Чун дарнаёяд аз дари эҳсосу лутф, кош,
Рахтам аз ин сарочаи ҳирмон бадар ниҳад.
Донӣ, ки чист болиши роҳат аз ӯ маро,
Хиште, ки рӯзи воқиаам зери сар ниҳад.
Аз бими марг агарчи дилу ҷон ҷароҳат аст,
Дар вай умедвории сад гуна роҳат аст.
Таркиббанд дар адабиёти классикии форс-тоҷик камистеъмол буд. Шоирони имрӯзаи тоҷик ба ин навъи адабӣ шеър нагуфтаанд. X. Шарифов.
Tags шеър
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …