Маълумоти охирин

ТАРКАШ

ТАРКАШ, тиркаш, тирдон, ҷаъба, ғилоф ё қуттиест, ки аз чарм, чӯб, пӯстлох, матоъ ва филизот сохта, дар он тирҳои камонро нигоҳ доранд. Таркаш ҳамчун ҷузъи ҳатмии аслиҳаи ҷангӣ эҳтимол дар давраи неолит (ҳазораҳои 12—10 то мелод) ба вуҷуд омада бошад. Намудҳои гуногуни Таркашҳои давраҳои алоҳидаи таърихиро аз рӯи осори санъати тасвирӣ ва материалҳои археологӣ муайян мекунанд. Яке аз қадимтарин шаклҳои Таркаш тирдони скифҳо буд. Масалан дар яке аз осори санъати тасвирӣ ду нафар скиф тасвир шуда, ки ҳар яке дар паҳлуи рост Таркаш дорад.

tarkash

Тахтачаҳои тиллоии мусавварадоре ёфт шуданд, ки скифҳо одатан барои ороиши руи Таркаш истифода мебурданд. Таркашҳои давраи атиқа аз руи тасвироти графикии Дура-Эвропос (Ироқ), Фирӯзобод (Эрон), бозёфтҳои пуштаҳои сарматҳо вағайра муайян гардиданд. Таркаши чармини скифҳои Олтой халтаи дарозу танге (дарозиаш 70—80 см, бараш 10— 15 см) буда, сарпӯши мулоим доштааст. Дар ин таркаш то 10 тир ҷой мегирифт. Онро ба қамарбанд бо ҳалқа ё чантак илҳоқ мекарданд. Таркаши сарматҳо 70—80 см, аз они суғдиён то 1 м 1дарозӣ дошг. Таркашро одатан аз паҳлуи чап меовехтанд. Ғилофи камон ва таркашҳое, ки поёнашон каме тангтаранд, дар мусаввараҳои Панҷакенти Қадим дучор меоянд.
Таркаши аскарони муғул (дарозиаш 60—70 ) аз пустлох ё чарм буда, сарпӯши чӯбин дошт. Дар Россия ҷанговарон хилофи камонро дар миёнбанд аз чап, Таркашро бошад, аз қафо дар тарафи рост мебастанд. Асрҳои 16—17 Таркаши аскарони рус, ки колчан ном дошт, дорои чор хонача буд. Дар сетоаш сулица (найзаи кӯтоҳ), дар чорумаш корди дароз мегузоштанд. Таркаш баъди ҷорӣ шудани яроқи оташфишон ҳамчун аслиҳаи ҷангӣ аз байн рафт. Ҳоло дар камонварӣ варзишгарон Таркашро барои нигоҳ доштани тири камон истифода мебаранд. В. А. Ранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …