Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАРҶУМА

ТАРҶУМА

ТАРҶУМА (арабӣ —аз як забон ба забони дигар гардондан), як навъ фаъолияти маънавии инсон, ки мақсади он баёни матлаби як забон ба забони дигар аст.
Тарҷума ду навъ мешавад: бадеӣ ва илмии оммавӣ. Тарҷумаи мошинӣ ё автоматӣ навъи нави тарҷума аст, ки «матне аз я забон ба забони дигар тавассути асбобҳои автоматӣ тарҷума карда мешавад. Тарҷумаи мошинӣ ин тавр сурат мегирад: Ба истилоҳи тарҷумаи мошинӣ забони мадхал ва махраҷро аввал муфассал таҳлилу таҷзиа карда ҳар як ҷузъи онро (семантика, морфология, синтаксис ва ғайра) ба чорчӯбаи код медароранд ва ингуна алгоритми тарҷумаи мошиниро ҳисобмошинҳо ба иҷоо мерасонанд.

Сипас ҳисобмошини электронӣ коди забони (мадхалро аз назар гузаронда, коди ба он мувофиқи забони махраҷро ёфта мегирад ва аз рӯи барномаи махсус ҳарду кодро канзим намуда, тарҷумаи матнро пеш мениҳад. Азбаски забон падидаи ниҳоят мураккаб асту тамоми ҷузъиёту хусусияту тобишҳои маъноии онро ба чорчӯбан муайян даровардан мумкии нест, бинобар ин тарҷумаии мошиниро фақат барои тарҷумаи матнҳои осон ва тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба кор мебаранд.
Тарҷумаи шифоҳӣ низ навъи маъмули тарҷума аст. Тарҷумаи шифоҳӣ бевосита ва бавосита мешавад. Тарҷумаи шифоҳии бевосита навъи тарҷумаест, ки мутарҷим ахборро баробари аз даҳони гӯянда шунидан, ба забони «дигар мегардонад. Тарҷумаи шифоҳии бавосита ё худ тарҷумаи синхронӣ тарҷумаи шифоҳии конфереясинҳо мебошад, ки мутарҷим дар ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳаз нишаста ба воситаи василаҳои техникӣ ахбори гӯяндаро қабул мекунад ва ба зуди маълумоти як забонро ба забони дигар мегардонад. Тарҷумаи синхронӣ нисбатан нав аст ва онро соли 1926 радиоинженери америкоӣ Гордон Финли пешниҳод карда буд. Дар СССР тарҷумаи синхронӣ бори аввал соли 1928 дар Конгресси 6-уми Коминтерӣ ба кор бурда шуд.
Н. Холмуҳаммадов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …