Маълумоти охирин

ТАЪРИЗ

ТАЪРИЗ (арабӣ — эътироз кардан) як навъ киноя буда дар шеър ба байт ё якчанд байти шоири дигар эрод гирифтан аст. Эродҳо ниобат ба ҳариф бештар бо суханони тамасхуромез бо киноягӯӣ ва сарзаниш изҳор мешаванд. Масалан дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ омалааст, ки рӯзе вақти набудани Рашидии Самарқандӣ подшоҳ аз шоир Амъақ пурсид, ки: «Шеъри Рашидиро чун мебинӣ?». Гуфт, ки: «Шеъри ӯ бағоят нек аст, вале қадре намакаш дар мебояд». Подшоҳ ин суханро дар маҷлисс ба гӯши Рашидӣ расонид ва ӯ ин мисраъҳоро дар таъриз гуфт:
Шеърхои маро ба бенамакӣ
Айб кардӣ, раво бувад шояд.
Шеъри ман ҳамчу шаккару шахд аст
В-андар ин ду намак накӯ н-ояд.
Шалғаму боқлист гуфтаи ту,
Намак, эй қалтабон, туро бояд.
Таъриз бештар дар байни шоирони қасидасаро маъмул буд. Аксаран таъриз бадоҳатан гуфта шуда аз қудрати суханварии шоир шаҳодат медод. Гоҳо шоирон дар таъриз бо истифодаи ибороти қабеҳ аз ҳадди одоби сухан берун рафтаанд.
Х. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …