Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ЯМИНӢ»

«ТАЪРИХИ ЯМИНӢ»

«ТАЪРИХИ ЯМИНӢ» асари Абӯнасри Утбӣ, ки солҳои 1020 —21 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Ин асар ба Яминуддавла — султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва падари ӯ Сабуктегин бахшида шудааст ва барои ҳамин ҳам «Таърихи Яминӣ» унвон гирифтааст. Мавзӯи асосии «Таърихи Яминӣ» воқеа ва рӯйдодҳои таърихи давраи Ғазнавиён аст. Муаллиф номи шоҳону амирон, муншиён ва ҷузъиёти ҳаёти онҳоро ба тафсил зикр мекунад, фармону мукотибаи онҳоро айнан меорад. Соли 1206 Абӯшараф Носеҳ ибнни Зафар ибни Саъдулмуншии Ҷурфудқонӣ «Таърихи Яминӣ»-ро ба тоҷикӣ тарҷума карда, ба он боис бо номи «Хотима» илова намудааст, ки воқеаҳои солҳои 1186—1207-ро дар бар мегирад. Олим ва донишманди фороизабони Ҳинд Муҳаммад Кароматалӣ ибни Ҳайаталии Деҳлавӣ соли 1843, Мавлавӣ Муҳаммад Фазл Имоми Хайрободӣ солҳои 1820 —25, Абдулкарими Аҳарӣ солҳон 1845 —46 «Таърихи Яминӣ»-ро ба забонн форсӣ-тоҷикӣ тарҷума кардаанд. «Таърихи Яминӣ» барои омӯхтани таърихи давраи Ғазнавиён яке аз маъхазҳои муҳимтарин мебошад. Матни арабии «Таърихи Яминӣ» соли 1847 дар Деҳлӣ, соли 1870 дар Қоҳира, соли 1883 дар Лоҳур ва матии форсӣ-тоҷикии он солҳои 1855, 1956, 1966 дар Теҳрон, соли 1900 дар Табрез нашр ва ба забони англисӣ тарҷума шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …