«ТАЪРИХИ ВОСИТ» асари таърихии Ҷаъфар ибни Муҳаммад, ки соли 1417 таълиф ва ба Шоҳрух (ҳукмронӣ 1404—47) бахшида шудааст. Асар аз муқаддима ва 7 боб иборат аст. Боби 1-ум ба масъалаҳои давраи тоисломӣ, боби 2-юм ба Муҳаммад ва хулафои аввал боби 3-юм ба таърихи Умавиён, боби 4-ум ба Аббосиён ва сулолаҳои ҳамзамони онҳо дар Эрон, боби 5-ум ба муғулҳо, Музаффариён оиданд. Дар бобҳои 6—7-ум муаллиф дар бораи ҷанг ва забткориҳои Темур, таърихи Темур ва авлоди ӯ (то соли 1414) маълумот додааст. «Таърихи Восит» дар омӯзиши таърихи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳои Шарқи исломӣ, аз ҷумла Осиёи Миёна дар асрҳои миёна манбаи муҳим ба шумор меравад. А. Ҷалолов,